Таҳрифи таърих ва сабақи Бобоҷон Ғафуров
“Ман аз суҳбат бо директори Институти шарқшиносии СССР Бобоҷон Ғафуров шоду мамнунам. Бароям рӯшан гашт, ки ӯ на танҳо олими барҷаста, балки сиёсатмадори нуктасанҷ аст.”
МАО СЗЕЭДУН,
ходими сиёсӣ ва давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин
(Давоми мақола)
Садоқат ба Ватан аз донистани таърихи он ибтидо мегирад. Надонистани гузаштаи халқи худ як по дар ҷаҳолат мондан аст. 27 май соли 1936 профессор Яроцкий (чаро номи ӯ дар Энциклопедияи советии тоҷик нест?) ба Комитети Марказӣ назари хешро муфассал бо пешниҳодҳои мушаххас дар бораи навиштани «Китоби дарсии таърихи Тоҷикистон барои мактабҳои миёна ва миёнаи нопурра» пешниҳод мекунад. Ӯ ба истиснои чанд тадқиқоти академик Бартольд, набудани китоби таълимиро дар мактабҳои Тоҷикистон зикр менамояд. Кумитаи марказӣ вокуниш нишон медиҳад ва ҷаласа ва ҷаласа доир мегардад. Вале ҷои баргузории он мисли саҳифаҳои торики таърихи солҳои сиюми халқи тоҷик норӯшан аст. Дар бойгониҳо аз ин хусус санаде пайдо накардам. Ягона ҳуҷҷати пайдогашта матни маърӯза ва музокираҳои ҷаласа аст, ки дар бойгонии филиали Тоҷикистонии Институти Марксизм — Ленинизм маҳфуз аст.
Тири ҳадафи профессор Яроцкий дар офаридани китоби дарсии таърихи тоҷикон хок мехӯрад. Пас аз шунидани маърӯзаю музокираҳо Зокиров ном шахсе маъруза мекунад. Суханони ӯ баёнгари рӯҳи он замон буданд: таҳдид, тарс дар вуҷуди олимон андохтан. Шояд ҳамин нутқ сабаб шуд, ки китоби дарсии таърихи тоҷикон барои мактабиён баъди 23 сол- соли 1959 ба чоп расид. Шояд ҳамин таҳдид буд, ки солҳои зиёд касе аз таърихшиносон ба офаридани таърихи халқи тоҷик даст назад. Зокиров, шубҳа аз тоҷикманқурт буданаш надорам, ҳангоми суханронӣ зикр мекунад, ки ӯ мутахассиси илми таърих нест, бесалоҳият аст. Вале ин сифат монеи дахолати ӯ ба кори олимон намегардад. Илму сиёсат дар дасти чунин одамон буданд.
Иқтибос аз нутқи Зокиров:
«-Рафиқон, ҳарчанд ман одами босалоҳият ҳастам, вале мехоҳам чанд сухан аз хусуси маърӯза ва музокираҳои суратгирифта гӯям.
Дирӯз ва имрӯз ин ҷо нишаста, мо чанд нотиқ, қайдҳои профессор Яроцкий тартибдодаро шунидем. Пеш аз ҳама, ба ман лозим омад, Бартольд ва мактаби ӯро ёдовар шавам. ӯ, чӣ хеле ки шумо медонед, таърихшиноси буржуазист, ки таърихи Осиёи Миёнаро навиштааст. Бояд гуфт, ки ба асарҳои ин таърихшинос синфи ҳукмрон манфиатдор буд ва мактаби ӯ бо ҳар роҳ нақши муборизаи синфиро дар Осиёи Миёна тира месохт.
Барои чӣ ман инро ёдовар шудам? Барои он ки ҳарчанд ман намехоҳам чизеро ба р. Яроцкий мансуб донам, ман ӯро мешиносам, танҳо огоҳ мекунам, ки ба асорати Бартольд наафтад. Р. Яроцкий баъзе унсурҳои норавшан дорад. Масалан, дар нуқтаи 5 лоиҳаи пешбаришуда муаллиф пешниҳод мекунад, ки дар онҳо ҳуҷҷатҳоро оид ба таърихи халқҳои Тоҷикистон ёфтан мумкин аст. Аммо чаро ягон ҳарф дар бораи Маркс, Энгельс, Ленин ва Сталин нест?
Ман дирӯз профессор Яроцкийро пурсидам ва ӯ ҷавоб дод, ки гӯё дар Бухоро аввал инқилоб шуда, баъд ҳаракати миллӣ — озодихоҳӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Мумкин аст, ман ӯро нафаҳмидам ё ӯ манро, аммо ин ташреҳи Резцовро мемонад, ки гуфта буд: ҳаракати миллӣ — озодихоҳӣ шакли зишти босмачигарӣ аст (Профессор Яроцкий: шумо ҳоло ба ман ҷонибдории босмачигариро нисбат медиҳед?). Ман дар ин ҷо аз он мегӯям, ки сӯи тафоҳум набошад.
Мактаббача мепурсад, ки ӯ аз куҷо омадаанд… аммо, пеш аз ҳама, талаб мекунад, ки ба ӯ дар бораи чӣ гуна сурат гирифтани зиндагии имрӯзи хушҳолона ва хушбахтии ӯ ҳикоят кунанд. Вай нақл дар бораи чӣ тавр зиндагӣ кардани бобою бобокалонашро мебахшад. Ӯ мехоҳад зиндагии хушбахти худро бо зиндагии гузаштаи лаънатбори бобою бобокалонаш муқоиса кунад. Вале ман, агар ба мактаб равам ва ба ӯ дар бораи истилои бобою бобокалонаш сухан гӯям, ӯ механдад. Ба мо лозим аст, ки баъзе бахшҳои тарҳи тартибёфтаи таърихро тағйир диҳем. Дар асоси нишондодҳои р. Сталин тағйир диҳем. (Филиали Тоҷикистонии ИМЛ, Ф-4511, номгӯи 16 д. 2. саҳ. 4, 5).
Бобоҷон Ғафуров, ки қалам дар рӯзноманигорӣ суфта карда буд, зери таъсири «Шоҳнома» ва «Абўмуслимнома»-хонии модараш Розия Озод рӯ ба таърих меорад. Муҳаққиқи адабиёти тоҷик Иосиф Брагинский (он солҳо мудири шуъбаи пропагандаи КМ ПК Тоҷикистон) изҳор менамояд, ки кормандони шуъба ҳама рус, Протапопов котиби якуми Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон рус буданд. Сари ҳар қадам норасидани кадрҳои маҳаллӣ эҳсос мешуд. Таваҷҷўҳи ӯро беш аз дигарон Бобоҷон Ѓафуров, ки муҳаррири рўзнома буд, ҷалб мекунад. Мавсуф назди Протопопов масъала мегузорад, ки будани як тоҷик дар шўъба ҳатмист. Ризоият ҳосил мешавад. Бобоҷон Ғафуровро ибтидо инструктор, баъдан мудири сектор, ҷонишини мудири шўъба таъйин мекунанд.
Мақоми корманди ҳизбӣ ба Бобоҷон Ғафуров имкон фароҳам меоварад, ки боҷуръат бошад, муқобили душманони халқи тоҷик бо усули пешгирифтаи эшон ба мубориза оғоз намояд.
Шариф Ҳамдампур
(Давом дорад)
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ