Тафсилоти бештар! Кушта шудани Алии Хоманаӣ ва пайвандонаш дар пайи ҳамлаҳои муштараки ИМА ва Исроил
Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, дар натиҷаи ҳамлаҳои муштараки Иёлоти Муттаҳида ва Исроил ба Теҳрон кушта шуд.
Дар ин бора хабаргузории давлатии ИРНА бо такя ба Шӯрои олии амнияти миллии Эрон иттилоъ додааст.
Ба навиштаи манбаъ, ҳамла субҳи 28 феврал сурат гирифта, Хоманаӣ ҳангоми иҷрои вазифа дар маҳалли кораш ҳадаф қарор гирифтааст.
Дар баёнияи расмӣ гуфта мешавад, ки раҳбари 86-солаи Эрон “дар натиҷаи ҳамлаи режими саҳюнистӣ ва Иёлоти Муттаҳида ба шаҳодат расид”.
Хабаргузории “Форс” иттилоъ додааст, ки дар ин ҳамла духтар, домод ва набераи Хоманаӣ низ ҷон бохтаанд. Гуфта мешавад, яке аз келинҳои ӯ низ дар миёни қурбониён будааст. Мақомоти расмӣ ҷузъиёти бештарро ироа накардаанд.
Пештар президенти Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп дар изҳороте эълон карда буд, ки раҳбари олии Эрон дар ҳамлаҳои ахир кушта шудааст.
Дар пайи ин ҳодиса дар Эрон 40 рӯз мотами миллӣ ва 7 рӯз таътили умумӣ эълон гардид. Парчамҳо дар саросари кишвар нимаафрохта шуда, маросими видоъ дар чанд шаҳри бузург баргузор хоҳад шуд.
Ҳамзамон, расонаҳо аз кушта шудани чанде аз фармондеҳони баландпояи низомии Эрон, аз ҷумла мушовири раҳбари олӣ Алӣ Шамхонӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Муҳаммад Пакпур ва вазири дифоъ Азиз Носирзода хабар медиҳанд. Аммо мақомоти Эрон то ҳол ин хабарҳоро расман тасдиқ ё рад накардаанд.
Танишҳо дар минтақа пас аз оғози ҳамлаҳои муштараки ИМА ва Исроил ба Эрон ба марҳилаи нави низомӣ ворид шудаанд. Теҳрон эълон кардааст, ки ба ҳар гуна таҷовуз “посухи қотеъ ва муносиб” хоҳад дод.
Ҳоло вазъ дар Эрон ва кулли минтақа печида ва нигаронкунанда арзёбӣ мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ