Тафсилоти захмӣ шудани сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар марзи Қирғизистон

Як шаҳрванди Тоҷикистон аз силоҳи оташфишони сарҳадбонони қирғиз захм бардошт.

Ин маълумотро маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон тасдиқ карда, ҷузъиёти даргирии дирӯз,7 май дар марз бо Қирғизистонро шарҳ дод.

Ба навиштаи «Азия плюс», ҳодиса 7 май, соати 11:00 рух додааст.

«Шаҳрванди Тоҷикистон Абдуллоев Олимҷони 34-сола, миллаташ ӯзбек, муаллими таърихи мактаб дар ноҳияи Ҷ.Расулови вилояти Суғд, бо мақсади аз сарнавишти писари ноболиғаш, хонандаи мактаб Абдуллоев Рамазон, ки дар хатти сарҳади давлатӣ боздошт шуда буд, ният дошт ба ҳарбиёни қирғиз, ки дар деҳаи Сулютка мустақар буданд, муроҷиат кунад»- шарҳ додааст манбаъ.

Ин ниҳод афзудааст, ки Абдуллоев Олимҷон «ягон кирдоре, ки ба принсипҳои неки ҳамсоягӣ мухолиф аст, нишон надодааст». Аммо алайҳаш аз силоҳи оташфишон истифода шудааст, ки дар натиҷа ӯ захмӣ гардидааст.  

Айни замон Абдуллоев дар беморхона бистарӣ буда, мақомоти дахлдори ду кишвар ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки вазъият дар марз таҳти назорат аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *