Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қатли ҳамсабақ: Убайдуллои 18 сола 24 сол зиндонӣ шуд (Видео)

Суди ноҳияи Сино, сокини 18-солаи шаҳри Душанбе Убайдулло Қурбоновро барои қатли ҳамсабақаш Дилмурод Фозилов, донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон 24 сол ҳабс кард.

Убайдуло Қурбонов 8 октябри соли равон бо корд ҳамсабақшаро ба қатл расонида буд. Ин парванда яке аз парвандаҳои пурсарсадои мақомот буд, ки дар натиҷа боиси роҳандозии ”Амалиёти корд” дар Душанбе шуд.

Тибқи иттилои ВКД, Қурбонов Убайдулло Бежанович, зодаи соли 2001, сокини кӯчаи Шерализодаи шаҳри Душанбе дар қатли Дилмурод Фозилов гунаҳкор дониста шуда, ба 24 соли зиндон маҳкум гардид.

Раёсати корҳои дохилии Душанбе, хабар медиҳад, ки субҳи 8 октябри соатҳои 07:30 дақиқа дар буриши кӯчаҳои Борбад ва Чортути ноҳияи Сино дар роҳ ба донишгоҳ байни 2 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон муноқиша сар задааст.

Муноқишаю занозанӣ миёни Қурбонов Убайдулло, мутаваллиди соли 2001, сокини ноҳияи Сино, донишҷӯи бахши 1-уми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Фозилов Дилмурод, зодаи соли 2002, истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳаёти Нави ноҳияи Сино рух додааст.

“Дар ин ҳолат, донишҷӯ Қурбонов Убайдулло Бежанович аз ҳиссиёти авбошӣ бо корди бо худ доштааш як бор ба узви ҳаётан муҳим, яъне қисмати дили донишҷӯ Фозилов Дилмурод Сироҷович мезанад, ки дар натиҷа бо бардоштани ҷароҳати вазнин охирон ба ҳалокат расида, гумонбар аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад”, — омадааст дар иттилоияи РВКД.

Манбаъ таъкид кард, ки маъмурини милиса муттаҳам Қурбонов Убайдуллоро худи ҳамонрӯз аз ҳудуди ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дастгир намуданд.

Ин фоҷиа дар ҷомеа сарусадои зиёдеро дар пай дошт ва мақомоти умури дохилии Тоҷикистон баъди он дар муассисаҳои таълимии кишвар амалиёти шартии “Корд”-ро роҳандозӣ карда, аз муҳассилин силоҳҳои гуногуни сардро мусодира намуданд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.