Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳалокати падару ду писар бар асари садама

Тавре ВКД хабар медиҳад, 3-юми августи соли 2020, тахминан соати 06:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра”, Комилов Хуҷавалӣ Нуралиевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Сангвор, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Сангвор ба самти шаҳри Душанбе дар 78 километрии роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Лахш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, нақлиётро ба чуқурии 70-метр чаппа намудааст.

Дар натиҷа, ронанда Комилов Ҳ.Н. ва мусофирони автомашинаи мазкур Комилов Нуралӣ, соли таваллудаш 1955, Комилов Сайвалӣ Нуралиевич, соли таваллудаш 1996, Хоҷаев Наврӯз Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 2003, сокинони ноҳияи Сангвор дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигари ҳамин автомашина, Хоҷаев Раҷабалӣ Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 2001 ва хурдсол Хоҷаев Муҳаммадҷон, соли таваллудаш 2013, сокинони ҳамон ҷо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоша, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
А.А.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.