Ҷӯра Ҳошимӣ: Шеъри кӯдак бояд бачахӯрак бошад

2 апрел рӯзи китоби кӯдакона аст, ба ин баҳона суҳбати Одил Нозирро, ки ду сол қабл бо шоири бачагона Ҷӯра Ҳошимӣ анҷом дода буд, манзури хонандагон мекунем.

-Барои кӯдакон чӣ гуна асар бояд навишт? – суол медиҳанд ба Максим Горкий.

-Мисли калонсолон, аммо хеле беҳтар, – посух медиҳад ӯ.

Воқеан, адабиёти бачагона ҷузъи муҳими адабиёт аст, зеро донишу ҷаҳонбинӣ, завқи зебоипарастӣ ва афкори кӯдак маҳз дар натиҷаи мутолиаи асари сара ва дархӯри завқаш ба вуҷуд меояд. Меросбари мактаби адабии устодон Мирсаид Миршакар, Гулчеҳра Сулаймонӣ ва Убайд Раҷаб, шоири шинохтаи бачаҳо, дорандаи Лаурети мукофоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҷӯра Ҳошимӣ, ки ҳафтаи равон остони 70-уми умро худро кӯфт, солиёни зиёдест  борои рушди адабиёти кўдакон заҳмат мекашад. Доир ба рӯзгору эҷод ва дастоварду мушкилоти адабиёти кӯдак суҳбате доштем бо эшон, ки фишурдаи онро манзури шумо менамоем.

-Шумо тамоми умр дар олами беолоиши атфол қарор доред. Аммо бубинед, ки 70 ҳам аз худ дарак дод ва дарвозаатонро мекӯбад. Дар баробари ин, ман ҳам хостам шоири бачаҳоро ба кӯчаҳо даъват кунам ва ҳолу аҳвол бипурсам

-Ташаккур, аммо 70 ё 80 фарқе намекунад, зеро шоири бачаҳо пир намешавад. Банда айни замон тариқи шартнома бо маҷаллаи «Чашма» бо Ташкилоти байналмилалии «Истиқбол» ва бо лоиҳаи Вазорати маориф ва илм -Ташкилоти  «USAID» — «Ҳамроҳ бихонем» ҳамкорӣ мекунам.  Аммо инҳо кор нестанд. Кор ин аст, ки саҳар бо масъулият аз ҷой парида хезед, ришатонро тарошидаву кафшро монда, патакро пӯшида давед ва агар каме дер кунед, раис набинад гуфта ҳаросед, касе наздатон ояду мушкилашро осон намоед. Корҳое,  ки гуфтам, агар даъват кунанд меравам, агар на, не! Яъне,  қариб ки хонашин ҳастам ва ба гуфти шумо меҳмони нав – 70 –ро пешвоз мегирам.

-Ба пешвози 70-солагиатон чї  гуна омадагӣ гирифтед?  Ҷашне ё нашри китобе дар нақша ҳаст?

-50 ва 60 — солагиамро ботантана ҷашн гирифта будам ва гумон мекунам, ки то 100 — солагиам кифоя аст.

-Шумо солҳои тўлонї мудири шуъбаи адабиёти кӯдак дар Иттифоқи нависандагон будед ва куллан аз вазъи он огоҳ ҳастед. Адабиёти бачагонаи мо имрӯз дар кадом сатҳ қарор дорад?

— Устод Убайд Раҷаб, — Худо раҳматашон кунад, дар яке аз вохӯриҳо бо Президенти мамлакат масъалаи чопи китоби кӯдакро бардошта буданд. Президент барои равнақи нашри китоби кӯдакон дастур доданд, аммо  дар поён ин масъала ҳал нашуд. Баръакс, ба ҷойи китобҳои бачагона, китоби калонсолонро нашр карданд ва ҳатто ҷоизаҳои барои адибони бачагон пешбинишударо ба адибони калонсолон доданд. Яъне, мушкилоти  нашр ва паҳни адабиёти кӯдак то имрӯз ҷой дорад.  Масалан, китоби банда – «Бачаҳову кӯчаҳо» 1000 нусха нашр шуд. 1000 нусха чист? Танҳо як мактаб ин миқдор хонанда дорад. Дар як маҷлис Гулрухсор гуфта буд, ки мо ҳамаамон ба адибони минтақавӣ табдил ёфтаем, ки ў ҳақ аст. Баъдан, пас аз соҳибистиқлолӣ гурӯҳҳое пайдо шуданд, ки бозори адабиёти пастсифати бачагонаро гарм карданд ва ҳар хому хаталаро нашр намуда, ба кӯдакон иҷборан фурӯхтанд. Баръакс, китобҳои нашриёти махсуси кӯдакон: — «Адабиёти багона» ва ТҶБ «Истиқлол» дар амборҳо хобанд.

-Мушкилоти нашр ва теъдоди нашри китоб дар Тоҷикистон гӯё ҳалнашаванда аст, аммо мехостам бештар дар мавриди сатҳи бадеии асарҳо ҳарф занем.

-Албатта, асарҳои хубу шоиста дорем. Адибон Юсуфҷон Аҳмадзода, Алӣ Бобоҷон, Латофат Кенҷаева, Насим Раҷаб, Софияи Носир, Азизи Азиз, Маҳбуба Неъматзода, Муродалӣ Собир, Абдусаттори Раҳмон ва чандин нафарони дигар борои кӯдакон асарҳои хуби назмиву насрӣ менависанд ва бори адабиёти кӯдакро низ маҳз ҳаминҳо мекашанд. Гулназар, Равшани Ёрмуҳаммад ва Абдулҳамиди Самад низ пайваста барои кӯдакон асарҳо эҷод мекунанд. Аммо бо вуҷуди ин солҳои охир асарҳои фундаменталӣ, мисли «Об аз куҷо меояд?» ё   «Тобистон» ба вуљуд наомадааст.   

-Дар бораи асари фундаменталӣ гуфтед. Воқеан, чаро солҳои охир асарҳое ба вуҷуд намеоянд, ки ҳама кӯдакон чун гимн онро хонанду донанд. Мисли «Ман калон мешавам» ё «Бибиҷонам меояд»?

-Аз як тараф, набудани тарғиб ва теъдоди ками нашри китоб, ки аллакай гуфтам. Дигар масъала набудани ҳавасмандӣ барои асар аст. Гоҳ – гоҳ ба ҳоли худамон хандаам меояд. Дар куҷо шунидаед ё дидаед, ки адиб асар нависад, пул дода, чопи компютерӣ кунад, ба муҳаррир пул диҳад, ба чопхона маблағ дода, китобашро нашр намояд ва баъди чоп ба дӯстон туҳфа кунад, зеро касе китоб намехарад ва ба ивази ин ҳатто як тин ҳам ҳаққи қалам нагирад.

То туҳфаву инъом набошад ба миён,

Бар дарди сари номаву паймон мапеч.

Чандин сол пеш дар «Садои Шарқ» як баҳс шуд ва  Сорбон навишт, ки ҳозир одамон барои он менависанд, ки ҳаққи қалам гиранд, агар ҳаққи қалам аз байн равад, баъд мебинем, ки марду номард кист? Ман дар ҳайрат мондам, ки ин мардак чаро чунин менависад? Чӣ тавр ҳаққи қалам нагирифта мешудааст? Ин ба ақл намеғунҷид. Ҳоло ба ин рӯзҳо ҳам расидем. Устод Убайд Раҷаб мегуфт, ки адиби кӯдакон ҳеҷ гоҳ бой намешавад, зеро китоби кӯдакона 1 ё 2 ҷузъи чопӣ аст ва табиист, ки ҳаққи қалами ночиз мегирифт. Аммо имрӯз ҳамон ҳам аз байн рафт. Ҳаққи заҳмат набошад, табиист, ки асари нағз ба вуҷуд намеояд.

-Аксари адибони бачагонаи мо барои калонсолон ҳам асарҳо менависанд, аммо чаро шумо фақат бо адабиёти кӯдак маҳдуд шудед?

— Аввал ғазал менавиштам. Замони донишҷӯӣ 20 –уми сентябр рӯзи шеър буд ва Гулназар масъули он. Ман чанд шеър бурдам ва эшон яке аз онҳоро интихоб карда,  қалам заду ба назди Алӣ Бобоҷон ба «Пионери Тоҷикистон» фиристод ва он шеър дар қатори Аскар Ҳаким ва худи Гулназар чоп шуд.

-Он шеър дар ёдатон ҳаст?

-Онро ба ягон маҷмўаам ворид накардаам, аммо дар ёдам ҳаст, зеро аввалин шеъри нашршудаи ман аст. Он «О»-и дастадор» ном дорад:

Зебиҷон аз Алифбо,

Ҳарфи «О»-ро медонист.

Ҳатто онро бемалол,

Навишта метавонист.

Рӯзе аҳли оила,

Як ҷо нишаста буданд.

Дониши Зебиҷонро,

Як имтиҳон намуданд.

Гуфтан ин кадом ҳарф?

Ба «А» карда ишора,

Ин «О»-и дастадор аст,

Гуфт Зебиҷон якбора!

Баъди ин, дар замони донишҷӯӣ бо мусоидати устод  Муҳаммадҷон Раҳимӣ маро ба кори нашриёт даъват карданду ба муҳити адабӣ ворид шудам. Баъдан, 3 сол дар радио кор кардам ва баъди он Нозирҷон Боҳирӣ маро ба «Пионери Тоҷикистон» ба кор даъват кард ва 17 сол дар ин даргоҳ кор кардам. Пас аз ин маҷаллаи «Чашма» таъсис ёфту бо он ҷо гузаштам ва баъди ин ба Иттифоқи нависандагон ба вазифаи мудири шуъбаи адабиёти кӯдак даъватам карданд ва 25 сол он ҷо машғул шудам. Яъне, тамоми умр бо адабиёти кӯдак сарукор доштам.

-Шеъри кӯдак аз нигоҳи шумо чї хел бояд бошад?

-Шеъри кӯдак бояд бачахӯрак бошад.

-Беҳтарин шеъри кӯдаконаи тоҷикӣ ба фикри шумо кадом аст?

-Ман ҳамроҳи Латофат Кенҷаева як китоб нашр кардам бо номи «10 шеъри тиллоӣ», ки посух ба суоли шумост. Мо дар он китоб 10 шеърро аз 100 соли адабиёти бачагона интихоб ва чоп кардем. Ин китоб як навъ нақд ҳам ҳаст, ки шеъри кӯдакона бояд чї гуна бошад. Албатта, 2-3 шеъри он китоб ҳам «тиллоӣ» нест.

-Кадом шеъри шумо дар он китоб роҳ ёфтааст?

-Ман ҳоло чунин шеър надорам. 

-Аз миёни ҷавонон оё нафароне ҳастанд, ки фардо кори шуморо идома диҳанд?

— Чанд сол қабл дар як ҷаласа, шодравон Наримон Бақозода гуфтанд, ки Ҷӯра Ҳошимӣ ҷавонтарин адиби бачагона аст, ҳол он ки ман он солҳо 50-сола будам. Ҳоло  ман ҳам Муродалӣ Собир ё Абдусаттори Раҳмону Азизи Азизро метавонам мисол орам, ки онҳо ҳам аз 50 гузаштаанд. Албатта, солҳои охир «Истиқбол» чандин муаллифони ҷавонро дар ин роҳ пайдо кардаву асарҳояшонро нашр кард. Мисол, Дурдонаи Зафар ё Наргиси Муродалӣ. Аммо касе ҷиддӣ машғул бошад, намебинам, зеро  тавре гуфтам, ҳавасмандӣ нест. Як мисол меорам, вақте донишгоҳро хатм намудам, хостам ба аспирантура дохил шавам. Вақте ки Нозирҷон Боҳирӣ огоҳ шуд, бо тамасхӯр гуфт: «Номзаду доктор нашав, хона дошта бош! Ман ҳоли муаллимони университетро дида истодаам. Бечораҳо дар хобгоҳи донишҷӯён зиндагӣ мекунанд. Ин ҷо органи КМ, кор куну хона гир!» Ман аз ин даргоҳ хона гирифтам. Аммо ҷавони имрӯз медонад, ки 50 сол ҳам машғул шавад, подоше ба даст намеояд.

 — Бо тақозои пешаи худ, шумо ҳамеша дар дунёи кӯдакон ҳастед. Оё хислатҳои кӯдакона дар шумо бисёр аст?

— Ман умуман ҳоло аз доираи кӯдакӣ набаромадаам. Аскар Ҳаким ба ман чунин соядаст навиштааст:

Ҷӯрабой, ошнои деринам,

Бихрадиву, чу кӯдакат бинам.

Як байти машҳур ҳам ҳаст:

Зи димағам наравад одати тифлӣ ҳаргиз,

Гар ба тобут баранд, ҷунбиши гавҳора кунам.

Ман зудранҷ ҳастам. Вақте ки маро ба Ҷоизаи Рӯдакӣ пешниҳод карданд, ду маротиба нагузаштам. Бори сеюм дар арафаи мукофотгирӣ Абдураҳмони Бобо ном шахс дар бораи ман фелейтон чоп кард. Рӯзи муҳикома яке аз аъзоёни ҷоизаи Рӯдакӣ (онҳо 19 нафаранд) он фелейтонро 19 нусха чоп карда, тақсим мекунад, то ки Ҷоиза нагирам. Бо вуҷуди ин 18 нафар ба тарафдории ман овоз додаву ҳамон як нафар не. Аз ман пурсиданд, ки мехоҳи донӣ, ки ҳамон нафар кист? Гуфтам не! Зеро агар ӯро донам, як умр меранҷам.

-Кӯдакон ҳамеша дар олами орзуҳо зиндагӣ мекунанд. Шумо як «кӯдаки 70 — сола»  чї орзу доред?

-Орзу дорам, ки шеъре нависам, монанди «Ман калон мешавам» ва онро ҳама – аз 1 -сола то 70- сола донанд.

Мусоҳиб:

Одили Нозир

врезка

Пас аз соҳибистиқлолӣ гурӯҳҳое пайдо шуданд, ки бозори адабиёти пастсифати бачагонаро гарм карданд ва ҳар хому хаталаро нашр намуда, ба кӯдакон иҷборан фурӯхтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *