5500-солагии Саразм. Роҳи Рукнобод-Панҷрӯд таъмир мешавад

12 сентябри соли равон дар шаҳри Панҷакент 5500-солагии Саразм таҷлил мегардад. Ислом Зиёзода, раиси шаҳри Панҷакент доир ба омодагӣ ба ин санаи таърихӣ ва иншооти ҷашнӣ ба чанд савол посух гуфт. 

— Имсол Панҷакент фазои идона дорад ва то таҷлили ҷашни 5500солагии Саразм камтар аз 6 моҳ боқӣ мондааст. Омодагӣ ба ин  ҷашн чӣ гуна аст?

-Ба пешвози ин ҷашни таърихӣ сохтмони 29  биною иншоотро ба нақша гирифтаем, ки дар рӯзҳои таҷлили 5500-солагии Саразм, ки бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, ба истифода дода мешаванд. Осорхонаи таърихию кишваршиносӣ ва меҳмонхона дар Мамнӯъгоҳи Саразм, дӯконҳои ҳунармандӣ барои фурӯши маҳсулоти ҳунармандон дар мавзеи шаҳраки Саразм, беморхонаи марказии шаҳр,  бинои иловагии таваллудхонаи шаҳрӣ ва чанд меҳмонхонаю муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи онҳост.

-Роҳҳои байни шаҳр ва деҳот ҳам таъмир мешаванд?

-Бале. Азнавсозии роҳи автомобилгарди Мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  шаҳри Панҷакент мебошад. Дар иншоот мумфаршкунии қабати якуми роҳ ба итмом расид. Айни замон ду шафати роҳ барои шинонидани дарахтони сояафкан  омода  шуданд.

-Соҳибкорони Панҷакент дар ҷашни Саразм нақш доранд? Ба таври мушаххас онҳоро номбар мекунед?

Албатта, саҳми соҳибкорон ба ин ҷашни таърихӣ муассир аст. Бунёди бинои истиқоматии 9 –ошёна дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент,  ки дар қабати аввал маркази савдо ва хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст,  аз ҳисоби соҳибкор  мебошад. Инчунин, сохтмони ду бинои истиқоматии панҷошёна дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент, мавзеи майдони Деваштич аз ҳисоби соҳибкор аст. Корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, рангуборкунии намои бино идома дорад.  Бинои истиқоматии 6- ошёна дар қабати аввал, маркази савдо ва хизматрасонӣ дар хиёбони Рӯдакӣ, мавзеи бозори марказии шаҳр, аз ҳисоби соҳибкор З.Шаҳобова аст. Дар иншоот корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, ободонии атрофи бино идома дорад. Бинои  истиқоматии 9-ошёна дар қабати аввал, маркази савдо ва хизматрасонӣ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент, дар мавзеи майдони А. Фирдавсӣ мебошад. Корҳои сохтмону васл дар блоки «А» ба охир расида, корҳои андовакунӣ дар бино идома дорад. Дар блоки «Б» корҳои сохтмтону васли дар ошёнаи 5-ум рафта истодааст. Бинои мазкурро соҳибкор Ш. Бабаев сохта истодааст.  

-Солҳост, ки роҳи Рукнобод-Панҷрӯд таъмирталаб аст ва сокинон барои рафтуомад азият мекашанд. Дар арафаи ҷашни Саразм ин қисмати  роҳ ҳам  обод мешавад?

-Бале. Мутахассисони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон омада,   омӯхтанд. Чанд рӯз пеш бо намояндаи Вазорати нақлиёт вохӯрӣ доштам. Ин роҳ ҳам таҳти назорати намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ Фарҳод Раҳимӣ қарор дорад. Зеро номбурда масъули чорабиниҳо дар шаҳри Панҷакент мебошад. 

-Кор дар ин масир кай оғоз мешавад?

-Дар нақша аст, ки корро дар ин қисмати роҳ охири моҳи март шурӯъ намоем.  Зеро ин ҷо минтақаи сайёҳӣ аст. Меҳмонони зиёде мақбараи устод Рӯдакиро зиёрат ва ба тамошои Ҳафткӯл меоянд. Инчунин, дар деҳоти ин масири роҳ шахсиятҳои шинохта тавлид ёфта, нақше дар пешрафти Ватан гузоштаанд. Имрӯз оромгоҳи онҳо ба  қадамҷои бузургон мубаддал ёфтааст. Шоирони тавоно Мастон Шералӣ, Файзулло Ансорӣ, аввалин қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ ва сармуҳаррири нашрияи парлумони кишвар — “Садои мардум” Муродуллоҳ Шерализода аз чеҳраҳои мондагори ин диёр  мебошанд.  Бинобар ин,  таъмири роҳи Рукнобод-Панҷакент барои мо мисли обу ҳаво зарур аст. Раиси Кумитаи тадорукот, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳам дастур додаанд, ки  роҳи мазкур бо сифати хуб таъмир гардад. Инчунин, роҳи то зодгоҳи устод Лоиқ  ва хонамузеяшонро  таъмир мекунем.

-Мақомоти шаҳр дар ин чашн чӣ нақш дорад?

-Саҳми бузург дорад. Аз ҳисоби маблағҳои мақомоти шаҳр чор мактаб бунёд мегардад. Инҳо мактаби рақами 18 дар ҷамоати деҳоти Хурмӣ, деҳаи Тагоби Халқи ҷамоати Вору, ҷамоати деҳоти Ёрӣ ва мактаб дар ҷамоати деҳоти Косатарош, ки аллакай 60 фоизи корҳо ба анҷом расидааст. Мактабҳои бунёдшаванда ошёнадор буда, аз 200 то 400 ҷои нишаст барои хонандагон пешбинӣ шудааст. Ҳамаи  ин аз ҳисоби маблағи ҳукумати шаҳри Панҷакент   мебошад. Ғайр аз ин, боз синфҳои иловагӣ дар деҳоти шаҳр, аз ҷумла Фароб сохта, ба истифода дода мешаванд. Бинои Раёсати агентии коррупсия бо маблағи макомоти шаҳр сохта мешавад.

-Дар маҷмӯъ, маблағи умумии иншооти ҷашнӣ чӣ қадар аст?

-Дар ин бора маълумоти дақиқ нест. Аммо аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд то имрӯз беш аз 60 миллион сомонӣ барои бунёди иншооти Саразм ҷудо гардид.  Ин маблағ барои осорхона дар дохили мамнӯъгоҳи Саразм,  ду мактаб барои ҷамоати деҳоти Шинг ва дарвозаи даромадгоҳи мамнуъгоҳ мебошад. Умедворем, ки раиси вилоят боз дастгирӣ мекунанд.

-Дар ин ҷашни таърихӣ меҳмонон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла ЮНЕСКО, ки бевосита 5500-солагии Саразмро эътироф кардааст, давъват шудаанд? Умуман, киҳо ташриф меоранд?

-Аз рӯи маълумоте, ки мо дорем, дар назар аст, ки директори генералии ЮНЕСКО Одре Озуле дар чорабинии Саразм иштирок варзад.  Эҳтимол дорад, ки то 700 нафар меҳмонон аз хориҷи кишвар ташриф оранд. Мо барои ин тамоми шароитро дорем ва омодаем, ки меҳмононро дар сатҳи баланд пешвоз гирем. Зеро шаҳри Панҷакент тамоми имкониятро дорост. Панҷакент мардуми меҳмоннавоз дорад. Вақте ки 1150 -солагии устод Рӯдакиро ҷашн гирифтем, аз мардуми деҳот сар карда, то шаҳр меҳмононро хуш пазируфта, гусел карданд. Умед дорам, ки ҷашни 5500 -солагии Саразмро низ мардуми Панҷакенти бостонӣ бо сари баланд пешвоз мегиранд…

Мусоҳиб

Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *