Ҷаласаи Ассамблеяи XV генералии КМОТ

Рӯзи шанбе, 16-уми июл, дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ассамблеяи XV генералии КМО ҶТ баргузор шуда, фаъолияти КМО ҶТ дар давраи соли 2015 ва нимаи аввали соли 2016  натиҷагирӣ шуд.  Дар ин бора Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев  ҳисобот дод.

Ба иттилои Баҳрулло Раҷабалиев, то имрӯз 7 варзишгари Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шудаанд.

«Ба ҷуз гурзандоз Дилшод Назаров, паҳлавонони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар риштаи ҷудо, муштзан Анвар Юнусов, шиноварон Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов, даванда Кристина Пронженко дар Олимпиадаи Рио-2016 Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд”, — иброз дошт Баҳрулло Раҷабалиев.

 Дар ҷаласаи мазкур раиси Академияи миллии олимпии Тоҷикистон Абдураҳмон Маҳмадов, президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов,президенти Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон ва мушовири президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар Нарзулло Латифов, президенти Федератсияи гуштии озод ва юнониву румӣ Саламшо Муҳаббатов, раисиАссотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон Мавзуна Чориева, директори генералии Сешиал Олимпикси Тоҷикистон Дилбар Шарипова, муовини раиси Академияи миллии олимпии Тоҷикистон Ибод Шарифӣ, президенти Федератсияи шиноварии Тоҷикистон Ҳайдар Иброҳимов, котиби генералии Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон ва раиси Кумитаи паралимпии Тоҷикистон Сафар Боев суханронӣ карда, ҷиҳати омодагии ҳамаҷонибаи варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Рио-2016, вусъати ҳамкориҳои Кумитаи миллии олимпӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва федератсияҳои варзишӣ таклифҳои судманд пешниҳод карданд.

Ассамблеяи XV генералии КМО ҶТ фаъолияти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давраи соли 2015 ва нимаи аввали соли 2016 қаноатбахш ҳисобид.

 Дар ин ҷаласа масъалаи интихоби парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон дар маросими ботантана кушодашавии Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия баррасӣ шуд. Ассамблеяи XV генералии Кумитаи миллии олимпӣ қарор кард, ки варзишгари машҳури тоҷик Дилшод Назаров парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон дар маросими ботантана кушодашавии Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия интихоб карда шавад.

Бояд гуфт, ки пеш аз оғози кори ҷаласа беҳтарин варзишгарон – Анвар Юнусов(бокс) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (гуштии ҷудо) барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Рио-2016 бо ҷоизаҳои молии сарпарасти кулли КМО ҶТ– ҶДММ «Ғаюр” мукофотонида шуданд. Ҷоизаҳоро раҳбари ин ҷамъият Акбар Ғуломов, ки ҳамзамон ноиби президенти КМО ҶТ мебошад, супурд.

Худи Акбар Ғуломов барои дастгирӣ, кӯмаки молӣ ва саҳми арзандааш ҷиҳати рушди варзиш ва тарғибу ташвиқи ҳаракати олимпӣ дар кишвар бо Ифтихорномаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон сарфароз гашт. Ҳамчунин, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Рустам Абдуллозода, президенти Федертсияи варзиши сабуки ТоҷикистонДилшод Назаров, президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов,президенти Федератсияи бокси Тоҷикистон Бег Сабур, президенти Федератсияи шиноварии Тоҷикистон Ҳайдар Иброҳимов ва ноиби президенти Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Рашид Саидов барои саҳми арзанда ҷиҳати рушди варзиш ва тарғибу ташвиқи ҳаракати олимпӣ дар кишвар бо Ифтихорномаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мукофотонида шуданд.

Эмоми НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *