Азиза Иноят – Афғонистон

Оғӯши фалак

Ин чӣ умрест фалак дар пайи озори ман аст,

Рехтани хуни ҷигар аз ситамаш кори ман аст.

Ҳар куҷо фитна зи оғӯши фалак сар бикшад,

Ҷустуҷӯ дораду он моили дидори ман аст.

Бо вуҷуде, ки маро умр нашуд шод даме,

Ҳар нафс то ба кунун ранҷу ғами ёри ман аст.

Мениҳад миннати беҷо ба чаман абри баҳор,

Равнақи гулшану гул дидаи хунбори ман аст.

Рафт ин умр зи каф бо ҳама ин шӯру фиғон,

Зоҳир афсурдагии аз ин дили бемори ман аст.

Эй Азиза, манамо шиква аз ин беш зи даҳр,

К-ин ҳама қисмате аз бахти нагунсори ман аст.

***

Ошуфта  

Гаштаам ғарқи хаёли ту, ҷаҳонро чӣ кунам,

Бе ту ман дабдабаву шавкату шонро чӣ кунам.

Набуд андар сари ман ҷуз ту ҳавои дигаре,

Дил шуд ошуфтаи ту, пас ину онро чӣ кунам.

Нағмаи ишқи ту орд дилу ҷонам ба наво,

Эй навозишгари ман, шӯру фиғонро чӣ кунам.

Ҷон диҳам пеши рухат, дилбар мастонаи ман,

Гар набинам рухи ту, суду зиёнро чӣ кунам.

Эй Азиза, ба хаёлаш ҳама шаб то ба саҳар,

Дидаи намзадаи ашкфишонро чӣ кунам.

***

Шақоиқ  

Дар чаман дидам шақоиқ, равнақе бисёр дошт,

Гӯиё дар сар ҳавои ҷилваи дилдор дошт.

Дар кафаш ҷоме пур аз май, ҳамчу лаъли оташин,

Дар ҷигар доғи ҷудоӣ аз фироқи ёр дошт.

Ошиқон маҳви ҷамолаш ҳар яке дилбохта,

Ҳамчу шамъи анҷуман парвонаҳо бисёр дошт.

Нури ҳуснаш саҳни гулшанро фурӯзон карда буд,

К-аз фурӯғи дасти қудрат ҷилваи саршор дошт.

Субҳдам дидам шақоиқро, ки аз мастии ноз,

Фахри гулшан буду гӯё ҷазбаи дидор дошт.

Боғбон болида ҳар дам аз чунин раъногулӣ,

К-аз ҳазорон дар бисоташ як гули бе хор дошт.

Аз тамошояш Азиза, маҳв гаштам з-он ки ӯ,

Шабнаме аз субҳдам чун хол бар рухсор дошт.

عزيزه عنايت — افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *