Ҷазои Тоҷикистон барои сафедкунии терористон

Дар Тоҷикистон бандҳои нави Кодекси ҷиноӣ ба ҳукми иҷро даромад, ки барои «сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ» ва мусоидат ба эктремизм «бо истифода аз расонаҳо» аз 5 то 10 соли ҳабс ҷазо таъин мекунад. Тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон 14 октябри имсол аз сӯи раиси ҷумҳур имзо шуда, бо нашри он дар расонаҳои давлатӣ ҳамакнун қувваи қонун пайдо кард.

Тағйироти нав умдатан дар ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – «Терроризм» (моддаи 179) ва «Ташкили иттиҳоди экстремистӣ» (307) дарҷ шудаанд. Дар моддаи вобаста ба терроризм танҳо мафҳуми «сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ» илова шудааст, ки дар сурати муҷрим шинохта шудани шахс тибқи ин модда додгоҳ метавонад ӯро аз 5 то 10 сол ба зиндон фиристад. Дар шарҳи ин мафҳум дар Кодекси ҷиноӣ омадааст: «Зери мафҳуми сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи терроризм, таклифи тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад».

Навгонии дигари Кодекси ҷиноӣ ба моддаи “Ташкили иттиҳоди экстремистӣ” дахл дорад, ки дар он “мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо (ифротгароён) бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар” ҷурм шинохта шудааст. Ин ҷинояти тоза эътирофшуда аз 5 то 8 соли зиндонро дар пай орад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *