Ба Иззат Амон АФВ кора накард. Ӯро 9 сол равони зиндон карданд

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷикро, ки аввалҳои баҳори имсол аз Русия ихроҷ ва дар Тоҷикистон дастгир шуд, бо гуноҳи «қаллобӣ ба миқдори махсусан калон» ба 9 сол зиндон маҳкум карданд.

Вакили мудофеъ Сайбурҳон Шарифов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе баъд аз зуҳри 19-уми октябр эълон шуд, вале онро «ғайриқонунӣ» донист.

Пештар намояндаи додситонӣ ба Иззат Амон нӯҳ сол ҳабс талаб карда буд. Вакилони мудофеаш бовар доштанд, ӯ шомили қонуни афв мешавад. Пайвандонаш низ гуфта буданд, ки пули даъвогаронро супурдаанд.

«Мо ҳайронем, ки чаро афв накарданд. Барои ҳамин, шикоят мекунем. Ҳукм ғайриқонунӣ аст ва ба ягон қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ рост намеояд. Мо шикоят мекунем. Аллакай ҳамин рӯз шикоятро бурда месупорам,» — афзуд вакили мудофеъ Сайбурҳон Шарифов.

Иззат Амон, раиси созмони «Маркази тоҷикон» дар Маскав, ки бештар аз ҳаққи муҳоҷирони тоҷик ҳимоят мекард, рӯзи 25-уми марти имсол аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва сипас аз қаламрави ин кишвар ронда шуд. Пас аз як рӯзи он мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои мақомот, Иззат Амон бар асоси даъвои чанд нафар дастгир шуда, ба қаллобӣ гунаҳкор шудааст. Наздиконаш аксар даъвоҳоро бепоя медонистанд, вале гуфтанд, ба хотири раҳоии ӯ пули даъвогаронро супурданд. Ҷонибдоронаш бовар доранд, боздошту ҳукми Иззат Амон дар асл дорои ангезаҳои сиёсӣ аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.