“Баракат”-и Алимардонов афзудааст

 

Боғдорони корпоратсияи “Баракат”, ки ба хонаводаи Муродалӣ Алимардон, собиқ муовин  сарвазир ва раиси феълии “Агроинвестбонк” тааллуқ дорад, имсол 15 ҳазор тонна ангурро ба хориҷи кишвар содир кардаанд. 

Дар ин бора охири ҳафтаи гузашта ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти  Тоҷикистон, зимни сафараш ба ноҳияи Ҳисор ва боздидаш аз корпоратсияи “Баракат” иттилоъ дода шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти президенти  Тоҷикистон дар ин хоҷагӣ 11 навъи хуби ангур, аз ҷумла кишмиши сиёҳ парвариш карда мешавад ва имсол аз ҳосили фаровони токзор 5 ҳазор тонна мавизи хушсифат тайёр намудаанд: “Аз майдони боғоти хоҷагӣ себҳои гуногун ҷамъоварӣ ва ба хориҷ содирот мегардад, ки аз ин ҳисоб ҳам фоидаи зиёд ба даст меояд».
Манбаъ мегӯяд, ки  роҳбарияти хоҷагӣ бо бунёди боғоти нав 360 сокини шаҳрро бо ҷойи кори доимӣ таъмин карданд, ки ин боиси аз байн бурдани мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ мегардад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *