Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Бесоҳиб будем соҳибдор шудем

Дар деҳаи Гуддараи водии Вахон ҳангоми мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон зане дар паҳлуям нишаста буд. У пайваста оби чашмонашро пок мекард ва дарун дарун мегирист. Садои навҳаи уро дар атроф нишастагон ҳис мекарданд. Ман оҳиста телефонро боло кардам ва ин лаҳзаро ба навор гирифтам.


– Чӣ ном доред? Пурсидам аз он зан.
– Ашурбегим Малибекова
– Чандсола ҳастед?
– Панҷоҳучор сола
– Фарзанд доред?
– Дорам. Панҷто.
Бо ин саволҳо хостам уро андаке ором созам. Чун ором шуд пурсидам:
– Чаро гиря мекунед?
– Ба дидораш расидам.
– Дидори кӣ?
– Ҷаноби Олӣ.
– У чи хидмате ба шумо кардааст?
– А, ту боз мегуӣ чи хизмат кардааст! Бесоҳиб будем соҳибдор шудем.
Ман дигар чизе напурсидам. Ҳаяҷон, хурсандӣ ва муҳаббати у аз ин дидор дар чашмонаш аён буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.