Бонки миллӣ иҷозатномаи «Контбонк»-ро гирифт

Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи фаъолияти «Контбонк»-ро бозхонд кард.

Ҳамзамон  Бонки миллӣ ба «Бонки Осиё», барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ  иҷозатнома дод.

Тавре  ки дар сомонаи  Бонки миллӣ , ки рӯзи 30-юми март нашр шудааст, бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2017, муҷаввизи фаъолияти «Контбонк» «барои иҷрои амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ аз 27 июли соли 2011 ва барои иҷрои амалиёти кассавӣ аз 11 январи соли 2012», бозхонд карда шуд. «Kont» бонки сармоягузорӣ буда, дар Тоҷикистон соли 2011 таъсис ёфтааст ва дафтари марказиаш дар Душанбе мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳанӯз дар моҳи марти соли 2013 бино бар таҳримҳои вазорати молияи Амрико, фаъолияти «Контбонк»-ро дар кишвар маҳдуд карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *