Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Чаро мехоҳам миллиардер шавам? (видео)

Суҳбати Шариф Ҳамдампур бо Саидмурод Давлатов

Сангпуште сари хам, ғарқи хаёл ба роҳи худ мерафт. Ногоҳ садои филе баланд шуд, ки рӯ ба рӯяш меомад:

-Аз сари роҳам дур шав!

Сангпушт сар бардошт ва гуфт:

— Ман бо роҳи худ меравам, ту аз сари роҳи ман дур шав!

Фил дар ғазаб шуд:

— Зуд аз роҳ дур шав, ки бо ин бузургиям туро зери сумҳоям маҷақ мекунам.

Сангушт паст намеояд:

—  Ман ҳам чун ту сокини ин сарзаминам ва баробари ту ҳуқуқ дорам. Ту аз сари роҳи ман дур шав!

Байни сангпушту фил моҷаро бармехезад ва сангпушт мегӯяд:

— Ман бо ту мехоҳам қувва озмоям. Фардо офтоббаро домани он кӯҳ биё!

Аз ин даъват хандаи фил омад, ки махлуқи ҳақиру нотавоне мехоҳад бо ӯ қувва озмояд. Сар бардошт ва дид, ки ҳайвоноти дигар  шоҳиди ин моҷароянд. Фил ба андеша рафт, ки агар даъватро қабул накунад, онҳо фикр мекунанд, ки тарсид, қабул кардани даъватро ҳам ба худ таҳқир донист. Сабру таҳаммул дар ӯ ғалаба кард ва оқибат даъвати сангпуштро пазируфт.

Рӯзи дигар субҳи содиқ сангпушт роҳ сӯи домони кӯҳ гирифт, ки то дамидани офтоб он ҷо бирасад…

 (Дар анҷоми ин суҳбат шумо хоҳед донист, ки қувваозмоии филу сангпушт ба чӣ меанҷомад ва ин тамсил чӣ ҳикмате дорад.)

Саидмурод Давлатов — тоҷики муваффақ, ки дар Қазоқистону Қирғизистон, Россия, Беларус аз суҳбаташ ҳаловат ва аз маслиҳатҳояш баҳра мебардоранд.  Вале лаззати меваи ин дарахти пурборро кам касест, ки дар диёраш чашида бошад.  Аз самари ин дарахт баҳра мебардорем ё меваҳояшро сангборон месозем, вақт қазоват хоҳад кард. Ӯро соҳибкори муваффақ мешиносанд. Аммо шинохти ӯ аз бизнесустодӣ сарчашма мегирад ва бо ин пеша шуҳрат ва маҳбубият дорад. Миёни 294 шогирди муваффақи ӯ се тан миллианеранд. Чаро ин деҳқони пошандаи тухми маърифати соҳибкорӣ замини бегонагонро сабз мекунад?

— Ман кистам, дар куҷостам ва куҷо равонам? — саволест, ки ҳар фард бояд аз худ бипурсад. Саидмурод Давлатов кист, дар куҷо қарор дорад ва куҷо равон аст?

— Давлатовро ҳамчун бизнесустод, бизнесмен, инвестор, нависанда, метсенат мешиносанд.

— Агар аз ин панҷ зарурати якеро интихоб кардан пеш меомад?

— Бизнесустод.

— Шумо пешаеро интихооб кардаед, ки ба сарнавишти миллионҳо одамон иртибот мегирад. Муътақид ҳастед, ки дар роҳи дуруст қарор доред?

— Ман на танҳо муътакид ҳастам, балки дурустии роҳи интихобкардаамро дар амал собит намудам. Мушк он, ки худ бибӯяд, на он, ки аттор бигӯяд!

— Ин мушк чӣ бӯе дорад?

— Аз он на танҳо бӯи 486 силсиламағозаҳои атриёти банда «EYFEL PERFUME»,  “Lafee PERFUME» меояд, ки дар Тоҷикистон, Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус фаъолият дорад, балки 24 ширкати дигаре дорам, ки мехоҳам шумораи онҳоро ба сад расонам.

— Шумо гуфтанӣ ҳастед, ки занбӯри беасал нестед?

— Аз беасалӣ Худо паноҳ диҳад. Бизнес илм, мактаб, санъат аст. Агар амал таҳкурсии назарӣ надошта бошад, оянда надорад. Назария ҳам ҷои амалияро гирифтан наметавонад. Ин ду ба ҳам пайванданд. Куҷо дидаед, ки амал (амалия)-и холӣ  касбияти волоро ба бор оварда бошад? Ҳастанд бизнесменҳое, ки мегӯянд: «Я не теоретик, я практик» (Назария ба ман лозим нест, ман марди амал ҳастам). Аз онҳо мепурсам, ки чанд сол боз дар бизнес ҳастед? Дар ҷавоб 15 — 20 сол мегӯянд. Ширкати шумо байналмилалӣ ҳаст? Бренди шумо дар дунё машҳур аст? Ҷавобҳо манфӣ. Ҷек Ма, молики ширкати “Алибаба” дар 10 сол миллиардер шуд. Чунки корашро дар заминаи назария ба низом (система) даровард, талош кард, ки брендаш ҷаҳонӣ гардад. Вақте инсон мегӯяд, ки ман дар заминаи амал бизнес меомӯзам, бо роҳи ғалат,   душвор меравад, сари 2 — 3 сол як бор муфлис (банкрот) мешавад. Иштибоҳи бештари бизнесменҳои мо дар ҳамин аст. 

— Шумо мегӯед, ки бизнесустод ҳастед, назарияи худро дар амал собит кардед, аммо  Ҷек Маи  соҳиби “Алибаба” нашудед.

-Барои ин вақт ва муҳит лозим аст. Шояд баъд аз 10 – 15 сол мешавам. Дер ояду шер ояд.

— Чаро шермардони соҳибкори муваффақи тоҷик дар майдони бизнес кам ҳастанд?

— Фарқ миёни соҳибкорӣ аз бизнесменӣ аз замин то осмон аст. Моҳияти соҳибкорӣ аз номаш бармеояд — шахсе, ки соҳиби кор аст. Вай соҳиби мағоза, дорухона,  маркази таъмири мошин ва ғайра мебошад. Аммо бизнес низом (система), фаъолияти фаррох аст. Кори бизнесмен бонизому бомаром пеш меравад. Масалан, “Макдоналс”, “KFC” “Adidas”, “Snickers”бизнес ҳастанд. Шояд соҳиби “Adidas” ё “Snickers” надонад, ки Тоҷикистон ном давлат ҳаст. Аммо маҳсулоташон дар бозорҳои мо ба таври фаровон  харидор доранд.

Ман ҳам ибтидо фаъолиятамро аз соҳибкорӣ оғоз намудам ва соли 2008 ба бизнес гузаштам. Аммо муфлис шудам. Дар бисёре аз суҳбатҳо, дарсҳо аз ин хусус ҳарф мезанам. Зеро он мактаб аст, дар сурати ба сар омаданаш набояд рӯҳафтода шуд. Ҳар шикаст бизнесмени асилро қавитар месозад.

Гуфтанӣ ҳастед, ки шикаст шуморо бизнесмени қавӣ кард?

— Бале, аз соли 2008 то 2011 ҳудуди се миллион  доллар қарздор шудам. Шумораи қарзхоҳонам ба 174 нафар расида буд. Аслан қарз қарзи ман набуд. Қарзи як амрикоие ба сарам бор шуд. Вале ҳар чӣ аз осмон меояд, замин мебардорад. Таҳаммул кардам. Қисса кӯтоҳ, ҳатто ҳолате шуд, ки як  қарзхоҳ ҳангоми дарс доданам ба аудитория ворид шуда, ба шогирдонам рӯй оварда, гуфт: “Ин мошенник, аз ман қарздор аст, ана бингаред, ман аз суд даъватнома овардам”. Ман даъватномаро аз дасташ гирифтам, ба он имзо гузоштам ва ба ӯ гуфтам: “Ту хостӣ барои бадном кардани ман ба шогирдонам эълон кунӣ, ки аз ту қарздор ҳастам. Бале, ман қарздорам. Ту қарзатро мегирӣ, акнун аудиторияро холӣ кун, ки ман дарсамро идома диҳам. Сипас, ба ҳозирон рӯй оварда, гуфтам: “Дидед, қарздор будан чӣ гуна сахт аст”. Вале дилу нияти нек, субот дар роҳи интихобкарда маро аз ин ботлоқ берун кашид.

— Чӣ гуна аз ботлоқи қарз раҳоӣ ёфтед?

— Фаҳмидам, ки ҳама корам дар заминаи таҷриба аст. Таҷриба нақшест, ки дар рӯи реги соҳили дарё кашидаед. Мавҷ, ки омад, аз он нишоне намемонад. Ба ин хотир се соли умрамро ба омӯхтани назария, фалсафаи бизнес сарф кардам. Аз соли 2014  дар заминаи назария ва фалсафаи илми бизнес фаъолиятамро ба роҳ мондам. Гумон мекунам дар бизнес муваффақ будани ман ҷои шубҳа ва баҳс нест.

— Агар дар бизнес муваффақ бошед, чаро бизнесустодиро пеша кардед?

— Агар донию ба дигарон наомӯзӣ, мисли он аст, ки кӯри асобадастро ҷониби чоҳ ҳидоят мекунӣ. Агар андешаи худро кунам, як бизнесмени танҳо боқӣ мемонад, ки гули ягонаро дар боғи бузург ба хотир меорад. Агар шогирдон тайёр кунам, боғи бедолу дарахтро ба гулистон табдил медиҳам. Ҳоло 294 шогирде дорам, ки бизнесменҳои муваффақи сатҳи байналхалқӣ ҳастанд. Онҳо гулистони мананд. Мехоҳам дар Тоҷикистон ҳам чунин як гулистоне созам.

-Дар китоби “Роҳҳои сарватманд шудан дар Тоҷикистон” ҷадвалеро овардаед, ки аз  ҳолати эътидолӣ, муқаррарӣ  ба болою поён ҳаракат мекунад. Он чӣ маънӣ дорад?

-Инсон мехоҳад муваффақ бошад.  Яке олим, дигаре санъаткор, сеюмӣ нависанда, чаҳорумӣ духтур, панҷумин варзишгари муваффақ бошад. Агар ҳар кадоми онҳо аз рӯи ин ҷадвал амал кунанд, воқеан шахси муваффақ хоҳанд шуд. Вақте инсон идора кардани худро ёд намегирад, илмашро истифода бурда наметавонад, дар зиндагӣ зиёд азоб мекашад. Бисёр одамон илм доранд, аммо дар ҳаёт муваффақ нестанд.

-Барои чӣ?

-Зеро ҳаракате, ки дорад, бо илмаш дуруст намегирад. Инсонро барои пеш рафтан чӣ такон медиҳад? Энергия! Энергия ин эҳсос аст. Идея ҳаст, аммо шубҳа роҳзанӣ мекунад, тарс эҷод мекунад. Дар ҳамин лаҳза зарурати будани маслиҳатчӣ пеш меояд. Аслан мардуми мо барои маслиҳатпурсӣ ба кӣ рӯй меоранд? Ба аҳли оила, хешу ақрабо, ёру дӯст. Онҳо, ки худ муваффақ нестанд, таҷриба надоранд, эксперт нестанд, чӣ гуна маслиҳат медиҳанд? Масалан, ман дар Тоҷикистон маслиҳат медиҳам, ки мардум бизнес кушоянд. Албатта, онҳое, ки ин пешниҳодро шуниданд, аз одамони дар боло зикршуда маслиҳат мепурсанд.  Ин дар ҳолест, ки маслиҳатдиҳандагон мутахассис нестанд.  Онҳо чӣ мегӯянд? Мегӯянд, ки “Бачаам, андоз баланд, тафтишгарон мӯл…” Ба ин васила дар дил шубҳа ба миён меоранд.   Наҳаросед,  бизнесро бояд ба роҳ монед! Маслиҳатро танҳо аз  мутахассис мебояд пурсид. Масалан, агар фарзандатон бемор шавад, ба назди духтур меравед ё назди ҳамсоя, хоҳару бародаратон? Ҳол он ки танҳо духтур метавонад маслиҳати дуруст диҳад, на ҳуқуқшиносу муаллим ё деҳқон. Бизнес ҳам ҳамин тавр аст. Ҷадвале, ки дар ин китоб нишон додаам, барои ба роҳ мондани тиҷорат ва рушди он мисли обу ҳаво зарур аст. Барои инсон аз ҳама муҳим эътимод аст. Вақте инсон ба худ бовар надорад, пеш намеравад, ҳатто аз сояи худ меҳаросад.

— Шумо дар бисёре аз суҳбатҳоятон дар бораи мураббӣ, маслиҳатгар сухан мегӯед. Худатон устод доред?

Якум, фаросат, идора кардани вақт ва иззату эҳтиромро  аз муаллими  мактаби деҳаам Мирзоюсуф Одинаев омӯхтаам. Дуюм, вақте ки дар Русия мардикорӣ мекардам, китобҳои Бодо Шеферро мутолиа кардам. Аз ӯ фарҳанги пул кор кардан ва идора кардани пулро омӯхтам.

-Бодо Шефер кист?

-Нависанда, бизнес-мушовири рақами як дар Аврупо. Ибтидо бо ӯ аз роҳи китобҳояш шиносоӣ пайдо кардам. Баъдтар дар семинарҳояш иштирок кардам.  Дар ибтидо таманнои пулдор шуданро доштам. Мани муҳоҷирро орзуи пулдор шудан бо ӯ шинос кард. Пул ҳама чизро дигар мекунад. Сатҳи зиндагии беҳтар аз пул бовастагӣ дорад. Китобҳои  Бодо Шеферро зиёд хондам, ба дарсҳояш иштирок кардам, маслиҳат гирифтам. Вай ба ман илми пулро ёд дод.

-Пул магар илм дорад?

-Вақте як нафарро гӯед, ки  бизнес кушо, аввал мегӯяд, ки пул даркор. Худро оҷиз, имконияташро аз пул пасттар мегузорад.  Гумон мекунад, ки то пул набошад, ҳеҷ коре карда намешавад. Вай ба ин муътақид аст. Илми пул чист? Ё пул моро идора мекунад ё мо пулро. Вақте илми пулро омӯхтед, он вақт дастболо мешавед, пулро идора мекунед, маҷбур мекунед, ки бароятон кор кунад.

-Чӣ гуна?

— Инсон дар як шабонарӯз 8 соат  пул кор мекунад  ва 24 соат хароҷот дорад. Ин яксон ба ҳама тааллуқ дорад, ин қонуни ҳаёт аст.  Шумо хоб меравед, асбоби барқӣ, гармидиҳӣ, андоз, фоизи қарз… ҳама пул мехӯранд.  Пул ягона хизматгори беминнатест, ки 24 соат метавонад барои инсон кор кунад.

-Агар пул дар сандуқ бошад чӣ?

— Бадбахттарин одам пулро дар сандуқ нигоҳ медорад. Пул бояд кор кунад, на хоб. Қурбаш паст мешавад, Аз ҳама риск (хатар) и калон нигоҳ доштани пул дар сандуқ аст.

-Риск дар чист?

-Пул беқурб мешавад, қобилияти харидориаш аз байн меравад. Масалан, 100 доллареро, ки соли 2000 дар даст доштед, бо 100 доллари имрӯз муқоиса кунед. Фарқ дорад?

— Фарқ ҳаст. Масалан, шумо дар Тоҷикистонед, дар даст 100 ҳазор доллар доред. Чӣ бояд кард, ки ин пул хизматгори беминнати шумо бошад?

Тафсилоти бештари суҳбат дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (№15, 15-уми апрели 2020)

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.