Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар ҷилави мошини Баҳром Ғафурӣ муовини прокурор менишаст

Тавре  Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, садамаи маргбор бо ширкати овозхони шинохта Баҳром Ғафурӣ, ки  санаи 7-уми августи соли равон, тахминан соати 04:00 шаб рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Ланд-крузер-200”, рақами қайди давлатиаш 01-57JJ01, Анварзода Ислом Қурбон, соли таваллудаш 1991, муовини Прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе суръати автомашинаро баланд карда, ба автомашинаи тамғаи “Камаз” бархӯрдаааст”, — таъкид доштааст ВКД.

Ба иттилои мабаъ,  дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Баҳром Ғафурӣ, соли таваллудаш 1976, сароянда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки худи ронанда Анварзода И.Қ. ва мусофири дигари автомашина Зарипов Баҳодур, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Инчунин ВКД таъкид доштааст, ки баъди ташхиси тиббӣ муайян карда шуд, ки ҳамаи ин се нафари иштирокчиёни садамаи нақлиётӣ дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.