Дар як шабонарӯз 105 нафар даргузашт

Дар Қазоқистон ҳоло 111 ҳазор нафар аз бемории коронавирус тадовӣ мегиранд, аз ин миён 30 ҳазор нафар дар бемористонҳо қарор доранд
Шабонарӯзи гузашта аз бемории коронавирус дар Қазоқистон қариб 105 нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон бо истинод ба Вазорати беҳдошти ин кишвар.

Бино ба хабари манбаъ, дар 24 соати ахир 17 маризи илтиҳоби шуш ҳам ба ҳалокат расиданд.

Зимнан, шабонарӯзи гузашта 7 802 ҳолати нави сироятшавӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуд. Илова бар ин, 376 нафар тоза гирифтори илтиҳоби шуш гардиданд.

Манбаъ меафзояд, феълан тадовӣ гирифтани 111 239 нафар идома дошта, аз ин миён 30 633 нафар дар дармонгоҳҳо ва 80 606 нафар дар хона таҳти назорату табобати табибон қарор доранд.

Вазорати беҳдошти Қазоқистон вазъияти 405 маризро ниҳоят вазнин арзёбӣ мекунад. Гуфта мешавад, 196 бемор ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст мебошанд.

Маврид ба зикр аст, ки коронавирус то ҳол дар кишвар 10 651 нафарро аз ҳаёт маҳрум намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *