«Дефитсит»-и навзодон, ё чанд мушкили фарзандхондӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе ҳодисае рух дод, ки муаллифро ба навиштани ин мақола таҳрик намуд. Дар назди дармонгоҳи рақами 13 як модар бо ду дасти адаб тифли думоҳаи худро ба каси дигар доду фиғонаш баромад. Ҳодиса тавре рух дод, ки касро ҳам механдонаду ҳам ба андеша водор менамояд.

Модар барои муоинаи кӯдакаш ба назди духтури ин даргоҳ меояд ва чун бо худ дастпӯшак надошт, ки духтур тифлашро муоина кунад (аҷаб қонуне, бояд бо худ дастпӯшак биёрӣ, ки кӯдакатро духтур бинад!), кӯдакашро ба дасти зане, ки он ҷо меистод, додаву хоҳиш мекунад, ки то бозгашташ ӯро нигоҳ дорад. Аммо бозгашта, аз тифлашу аз он духтар “на пайро меёбаду на Ҳайдарро”…

Ин ҳодиса воқеаи дирӯз дар идораи ҳафтанома баргузоршударо ба ёдам овард, ки зане бо исми Раҷабова Дилором муроҷиат намуд. Зан ба идора даромаду бадоҳатан гуфт:

-Ба ман як кӯдаки навзод ёфта диҳед, илтимос…

Бо ҳайрат ба ҳамдигар нигоҳ кардему яке аз мо бо шӯхӣ гуфт:

-Хоҳарҷон, иштибоҳ кардед, ин ҷо таваллудхона ё кӯдакистон нест ва мо тифл ҳам таваллуд карда наметавонем…

-Медонам, аммо дар ҷойҳои гуфтаи шумо ин корро накарданд ва ба ман тифли навзод надоданд, барои ҳамин, ба назди журналистон омадам, ки кумакам кунанд…

Дар рафти суҳбати минбаъда маълум шуд, ки Дилором худ соҳиби фарзандон, аз ҷумла, ду писари соҳиби оила аст, аммо…

— Аммо писари калониам ҳарчанд панҷ-шаш сол боз соҳиби зан аст, фарзанд надорад. Ба сад духтур муроҷиат кардем, бефоида… Ҳамсояю хешу таборон мегӯянд, ки агар ягон тифлро ба фарзандӣ қабул кунад, шояд раҳми Худо ояду ба худаш ҳам фарзанд диҳад. Аммо тифл бояд навзод бошад…

… Чаро маҳз навзодон имрӯз дар ҷомеаи тоҷик “серхаридоранд”? Ба ин савол равоншинос, устоди Донишгоҳи миллӣ Гулсимои Абдуваҳҳоб чунин посух мегӯяд: “Зеро дар муҳити мо бисёриҳо бар он боваранд, ки тифли навзод хотира надорад ва ба осонӣ волидони навашро чун падару модари худ қабул мекунаду якумра бо онҳо мепайвандад, ки ин андеша то андозае дуруст ҳам ҳаст. Зеро хотираи аз ҳама барвақттарин дар тифлон асосан аз синни сесолагӣ оғоз мегардад. Фарзандхондҳо мехоҳанд, ки аз оғоз худро дар ин самт аз ҳар гуна эҳтимолияти минбаъд рӯй гардондани фарзандхондҳои худ ва огоҳ шудан аз ҳақиқати ҳол эмин гардонанд”.

Ҳамчунин, “кӯдаки хурдсол ҳанӯз дарк накардааст, ки ӯро волидайн партофтаанд ва дар ин бобат ҳеҷ мушкиле надорад. Илова бар ин, кӯдакони навзодро тарбия кардан осонтар аст. Сабаби дигари муҳими ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдакон — ин хоҳиши тамоми умр бо ин кӯдак будан аст. Ин махсусан барои волидоне, ки бо сабабҳои тиббӣ таваллуд карда наметавонанд, муҳим аст. Агар сирри фарзандхондӣ нигоҳ дошта шавад, он гоҳ кўдак метавонад ҳатто нафаҳмад, ки ў фарзанди ўгай аст”,- мегӯяд равоншинос Екатерина Новикова.

Бояд гуфт, аксари онҳое, ки мехоҳанд фарзанди каси дигарро қабул кунанд, умедворанд, ки фарзандашон ҳаргиз аз угай будани падару модари худ огоҳ намешавад. Аз ин хотир, баъзан барои як муддат ба шаҳрҳои дигар, ки он ҷо онҳоро касе намешиносад, кӯч мебанданд ва баъд аз он, ки фарзанд “таваллуд карданд”, ба ҷои зисти худ бармегарданд ва ҳамаи ин ба хотири пинҳон намудани асрори фарзандхондӣ мебошад. Ҳарчанд чунин рафтор дар баъзе ҳолатҳо солҳо пинҳон мемонад, аммо дар ниҳояти кор ошкор мешавад ва он гоҳ дар ниҳоди фарзандхондҳо нисбати волидони “пинҳонкорашон” ба ҷои меҳри пешина ҳиссиёти бадбинӣ пайдо мешавад, ки ин раванди бебозагашт аст. Тавре психологҳои кӯдакон тавсия медиҳанд ва агар волидон зарур донанд, аз оғоз, вақте ки андаке ақли кӯдак медарояд, ба ӯ бо эҳтиёт сари ин мавзуъ суҳбат карда, ӯро аз ҳақиқати ҳол огоҳ намудан беҳтар аст. Ин дар ҳолест, ки қасдан ва аз ҳисси бадбинӣ ошкор намудани асрори фарзандхондиро қонун манъ мекунад. Аммо ин корро тавре бояд анҷом дод, ки ба зеҳни тифл зарар нарасад ва маҳз дар ҳамин ҷо маслиҳати мутахассисон зарур аст…

Баргардем ба сари “дефитсити” тифлони фарзандхондшаванда. Тавре гуфтем, дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳо ба фарзандхондӣ қабул кардани ятимон ва махсусан, тифлони навзод хеле мушкил аст. Агар аз як тараф, талаботи қонун дар ин маврид сахт бошад, аз тарафи дигар, расму анъанаи мо ин корро душвортар кардааст. Албатта, фарзандхондӣ мисли аз бозори “Корвон” харидани куртаи нав барои зан ва ё костюм барои шавҳар нест.  Аксари волидон (бештар аз ҳама, онҳое, ки худашон фарзанд надоранд ва бо сабабе наметавонанд соҳиби фарзанд шаванд) бар он назаранд, ки беҳтараш писарро ба фарзандӣ қабул кунанд ва дар оянда ӯ такягоҳ бошад, зеро духтар “моли кас” аст ва ба ӯ меҳнат сарф кардан маънӣ надорад. Ин аст, ки фарзандхондӣ то андозае самти криминалӣ гирифтааст, ки ба ришвахӯрӣ ва ҳатто, тавре дар оғоз гуфтем, ҳолати дуздии тифлон оварда мерасонад. “Ман ба сохторҳои иҷозатномадиҳӣ ва таваллудхонаҳо барои фарзандхондӣ муроҷиат намудам, аммо онҳо мегӯянд, ки бояд камаш 5-6 сол навбат поид. Дар ин муддат чӣ мешавад, Худо медонад”,- мегӯяд Дилором Раҷабова, ки мехоҳад барои фарзандаш писар ё духтаре ёбад. Аммо, тавре мушоҳида мекунем, ятимхонаҳои мо пур аз ятимон аст ва  дар ин муддат писарак ва ё духтараки  5-6-сола 10-11-сола мешаваду дур аз оила калон.

Раванди фарзандхондӣ, тавре гуфта шуд, дар кишварҳои мусалмоннишин нисбат ба кишварҳои аврупоӣ  ва Русия фарқ мекунад. Дар мо кӯшиш мекунанд, ки дар ин кор бештар “пинҳонкор” бошанд, аммо барои мардуми Аврупо ин он қадар муҳим нест ва барои ҳамин онҳо фарзандони аз синни тифлӣ бузургтарро ҳам ба оилаи худ мегиранд. Ин аст сабаби асосии “дефитсити” тифлони навзод ва ҷамъ шудани кӯдакони нисбатан калонсолтар дар сағирхонаҳо. Чӣ бояд кард, ки ин нобаробарӣ барҳам хӯрад? Ба андешаи мо, аввалин коре, ки бояд анҷом дод, ин суҳбати холисона ва боварибахш бо онҳоест, ки мехоҳанд сари сағиреро сила намоянду ӯро узви оилаи худ созанд. Баъдан, раванди фарзандхондиро осонтар кардан лозим аст, ки волидонро аз ташвишу даводави зиёдатӣ озод мекунад. Он гоҳ бо боварӣ метавон гуфт, ки дар ятимхонаҳои мо шумораи тифлоне, ки онҳоро тақдир бо сабабҳои гуногун аз меҳри модарӣ маҳрум кардааст, хеле кам хоҳад шуд…

Ҳоло дар кившавари мо 77 ятимхона вуҷуд дорад ва бештар аз 46 ҳазор ятим, ки ин барои як кишвари аҳолиаш нисбатан камшумор рақами бузург аст.

А. АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.