Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дилафрӯз Каримова «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» эълом гардид

Имрӯз, 18 январ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» доир гардид, ки дар он Латофат Назирӣ-муовини вазири маориф ва илм, З.Нозакова-муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, Қ.Муҳиддинзода-сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, иштирокчиёни озмун, намояндагони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, зимни ҷамъбасти озмун Л.Назирӣ-муовини вазири маориф ва илм зикр кард, ки рушди ҳар як ҷомеа ба низоми илму маорифи он робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз сатҳи дониш ва маърифатнокии аҳли ҷомеа мондагории ҳар як мамлакатро дар саҳифаҳои таърихи инсоният таъмин менамояд. Агар низоми илму маориф дар ҳар ҷомеа инкишоф ёбад, сатҳи таълиму тарбия аз рӯйи талаботи замон сурат гирад ва шароити мусоид барои азбар кардани  илму дониш фароҳам шуда бошад, комёбию дастовардҳои низоми сиёсию иҷтимоӣ дар ҳамон ҷомеа рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва маҳаки асосии пешрафт дар ҷомеа мегардад.

Бояд зикр намуд, ки озмун рӯзи 16-уми январи соли ҷорӣ оғоз гардида, тибқи шартҳои муайянгардидаи Низомномаи озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» се рӯз идома ёфт, ки дар он панҷ нафар ғолиби даври вилоятию минтақавӣ ва шаҳрӣ-Мамадназарбеков Ризоалӣ–омӯзгори фанни физикаи мактаб–интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон, Турсунзода Некрӯз–омӯзгори фанни географияи мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб, Каримова Дилафрӯз-омӯзгори фанни забони англисии литсейи математикии №1-и шаҳри Хуҷанд, Раҳимов Саидкарим-омӯзгори фанни таърихи мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе ва Соҳибова Ҳабиба-омӯзгори фанни ҳуқуқи литсей ба номи Т.Собирови шаҳри Ваҳдат иштирок намуда, донишу маҳорат, малака ва истеъдоди худро санҷиданд.

Тибқи баҳогузории аъзои ҳакамон Мамадназарбеков Ризоалӣ–омӯзгори фанни физикаи мактаб–интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон соҳиби 177 хол, Турсунзода Некрӯз–омӯзгори фанни географияи мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб ва Раҳимов Саидкарим-омӯзгори фанни таърихи мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе соҳиби 193 хол, Соҳибова Ҳабиба-омӯзгори фанни ҳуқуқи литсей ба номи Т.Собирови шаҳри Ваҳдат соҳиби 204 хол гардида, Каримова Дилафрӯз-омӯзгори фанни забони англисии литсейи математикии №1-и шаҳри Хуҷанд бо гирифтани 205 хол ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» дониста шуд. 

Дар маросими ҷамъбастӣ ба ғолиб ва иштирокчиёни озмун туҳфаҳои рамзӣ, маблағ, нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дипломи Вазорати маориф ва илм, ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ва роҳхат ба осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо барои истироҳату табобат супорида шуд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.