Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Духтари 14-солаи афғон қотилони падуру модарашро ба қатл расанид

Дар Афғонистон як духтари тақрибан 14-16 сола бо силоҳи тамғаи Калашников, 3 ҷангҷӯи Толибонро, ки падару модарашро куштаанд ба қатл расонидааст, хабар медиҳад портали “The ​​Guardian”.

Бино ба иттилои манбаъ ҳафтаи гузашта, тақрибан 40 ҷангҷӯи Толиб ба деҳаи Геривех ҳамла намудан. Мақсади аслии Толибон ба қатл расонидани раиси маҳаллаи ин деҳа буд, зеро ӯ одами ҳукумати ва тарафтори ҳукумати кунунии Афғонистон будааст.

17 июл террористон ба хонае, ки раиси маҳал бо оилааш зиндагӣ мекард ҳамла намуда, саравал ҳамсар ва худи раисро ба қатл расонидаанд.

 
Ҳангоми вориди хона гардидан Камар Гул духтари  хонадон АК-47-ро гирифта, ду ҷангҷӯи Толибонро, ки волидони ӯро куштанд ба қатл расонида, чанд нафари дигарро низ захмӣ кардааст.

Силоҳбадастон кушиш мекунад то духтару бародари 12-солаашро низ ба қатл расонанд, аммо мардуми деҳа ба кумакашон омада, ҷонашонро раҳо мекунанд. Ба гуфтаи полиси Кобул дар ниҷаи даргири байни Камар Гул ва Толибон 3-аъзои ҷангӣ ба ҳалокат расидааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.