Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дунёи Акбари Турсон, Ҷӯрабек Муродов… дар китоби журналисти тоҷик

Дар шаҳри Душанбе китоби журналист Насрулло Тӯйчизода таҳти унвони “Дунёи соҳибдилон” ба нашр расид. Дар ин китоб мусоҳибаю ёднома ва мақолаҳои муаллиф, ки тӯли 16 соли охир дар бораи шахсиятҳои шинохтаи кишвар навишта шуда, дар нашрияҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва берун аз он чоп шудаанд, интихобан ҷой доранд.

Дар китоб мусоҳибаҳо ба Акбар Турсон, Ҷӯрабек Муродов, Сайрам Исоева, Фируз Баҳор, Маҳмадато Таваллоев, Адҳам Холиқов, Зебуниссо Рустамова, Гулчеҳра Содиқова, Дӯстмурод Уроқов, Афзалшоҳ Шодиев, Нишонҷон Атомуродов, Фаррух Неъматзода, Мукаррама Қаюмова, Гавҳар Осимӣ ва дигарон ҷой дорад.
Дар бахши «Авроқи хотираҳо» доир ба Сотим Улуғзода, Маҳмуди Воҳид, Тӯҳфа Фозилова, Ҳанифа Мавлонова, Мирзо Бобоҷонов, Зумрад Самеҷонова сухан меравад.

Ҳамзамон баъзе аз сафарномаҳои муаллиф ба ин китоб дар бахши «Раҳовард» ҷой дода шудааст.

Муаллифи китоб Насрулло Тӯйчизода мегӯяд:

“Китоби мазкур ҳанӯз соли 2012 ба чоп омода шуда буд, баъзе аз мақомоти давлатӣ ваъда дода буданд, ки дар чопи он мусоидат менамоянд, вале ин иқдом сурат нагирифт. Боиси афсӯс аст, ки то дар муддати 8 соле, ки китоб омодаи чоп буду бо сабабҳои маълум чоп намегардид, як зумра шахсиятҳои саршиносу илму фарҳанг ва адаби тоҷик, ки дар бораи онҳо сухан меравад, аз олам чашм пӯшиданд. Аз ҷумла, Абдумалик Баҳорӣ, Бозор Собир, Шарофиддин Сайфиддинов, Баҳриддин Камолиддинов, Марат Орифов, Мусаввари Минак, Озод Аминзода, Даврон Алиматов, Фарҳод Зикриёев, Ваҳҳоб Воҳидов ва дигарон…”

Ба ин китоб профессор Б. Камолиддинов сарсухан навиштааст.

Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Низомиддин 08.11.2020 23:37

    Насрулло табрик. Китобхотон каторак шаванд.

  2. Самир 08.11.2020 23:38

    И бача хиндуяй е точик? Донишманд метова

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj