Гумонбари таҷовуз ба номуси духтарчаи 9-сола дар дурбинҳои назорати афтидааст

Рӯзи 8-уми август дар шаҳри Ивановои Русия ҳодисаи таҷавуз ба номуси духтарчаи 9-сола аз ҷониби нафари номаълум ба вуқуъ омад, ки гумонбар дар камераҳои мушоҳидави ба навор афтидааст. Дар ин бора «НТВ» хабар медиҳад.

Марди гумонбар ба таҷовуз ду маротиба – пеш аз содир кардани ҷиноят ва баъди он ҳангоми тарки маҳалли ҷиноят ба дурбини видеокамераҳои назоратӣ афтодааст. Дар сабт дида мешавад, ки як марди ҷавони мӯйсиёҳ бо риши кӯтоҳ ба тарафи як роҳи беодам рафтани кӯдакеро дида, аз пасаш медавад. Дар сабти дигар дида мешавад, ки ӯ саросема ҷои ҳодисаро тарк мекунад.

Пулиси Иваново аз ҳамаи онҳое, ки ин марди гумонбар ба таҷовуз ба номуси духтари 9-соларо мешиносанд, хостааст, ки бо мақомоти пулис хабар диҳанд.


Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *