“Набояд фаромӯш кард, ки мо хизматгори халқем, на халқ хизматгори мо!” Аммо бадбахтона дар зеҳну тафаккури иддае аз соҳибмансабони худро соҳибимтиёз пиндошта, халқи авом бояд хизматгор бошад…

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳои худ бо масъулини ниҳодҳои давлатӣ таъкид карда буд, ки: “Набояд фаромӯш кард, ки мо хизматгори халқем, на халқ хизматгори мо!” Аммо бадбахтона дар зеҳну тафаккури иддае аз соҳибмансабони худро соҳибимтиёз пиндошта, халқи авом бояд  хизматгор бошад…

Маҳз чунин андешарониҳои ботил аст, ки гаҳу ногаҳ мардуми одӣ мувоҷеҳ ба мушкилоти сунъӣ мегарданд ва чунин мушкилотофарӣ  коҳиши боварии мардумро эҷод месозад.

Буз дар ғами ҷону қассоб дар фикри чарбу

Имрӯз, ки ин маъракаи “муҳим” дар кишвар роҳандозист, теъдоде дар ғами ҳар чӣ зудтар соҳиби шиносномаи нав шудану зумрае аз пайи манфиат ба даст овардананд.

Ба қавле, «буз дар ғами ҷону қассоб дар фикри чарбу».  Шуъбаҳои шиносномадиҳӣ, ки дар ҳар гӯшаву канори кишвар то нисфишаб фаъолият доранд, аз омодагии худ дарак медиҳанд. Аммо баъзе аз ҷузътарин корҳои муқаддамотӣ ё талабот ҷиҳати бадастоварии шиносномаи нав теъдодеро сарсон кардааст, ки дар ҳоле метавон чунин корҳоро бидуни ҳар гуна мушкилотофарӣ роҳандозӣ кард.

Масалан, яке аз талабот ин пешниҳоди маълумотнома дар бораи категорияи хун аст, ки аксар чунин нишондодро дар шиносномаҳои худ надоранд. Ва чунин корро лабораторияҳои дармонгоҳҳои пойтахту шаҳру навоҳӣ ба зимма доранд, ки ба қавле имрӯзҳо бозори онҳо дар ҷӯш аст.

Лабораторияи таҳлили хуни дармонгоҳи рақами 8-и пойтахт имрӯзҳо саршор аз корафтодагон аст. Дар даҳлези ин ташхисгоҳ он қадр одам аст, ки ба қавле сӯзан партоӣ, рост меистад.

Ҳар кӣ қабл аз ташхиси  қанди хун, категорияи хун ва ташхиси умумӣ дар хазина пул месупорад, ки навбатест тӯлонӣ.  Арзиши таҳлили муайяннамоии категорияи хун 15 сомонӣ буда, барои соҳибимтиёзҳо он ройгон аст.

Дар ҳуҷраи тангу тори бетиреза як табиб танҳо барои ташхиси қанди хун ва муайяннамоии категорияи хун андармон аст.   Дар ҳуҷраи рӯ ба рӯяш бошад, ду нафари дигар бо дигар намудҳои ташхис машғуланд ва ҳар дақиқа аз мизоҷон хоҳиш мекунанд, ки роҳравро озод нигаҳ доранд ва онҳоро нафастанг накунанд.

Воқеан ҳам, набудани тирезаву бӯйи хун аксарро нафастанг кардааст. Занҳои ҳомиладор ба чунин ҳол тоб наоварда, аз ҳуш мераванд, дигар аз маъюбу ба гуфтае “сарвайронҳо” доду фарёд мекунанд. Аммо гӯё ин ҳама як чизи маъмулӣ гаштааст, ки касеро парвое нест…

Ташхисгари категорияи хун ҳар дам ба мизоҷон рӯ овардаву муроҷиат мекунад: — Шпритс тамом шуд, касе хоҳад корашро анҷом диҳад, аз аптекаи назди дармонгоҳ шпритси дуграмма бо худ биорад.

Аксар дар ин маврид аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки пас он 15 сомонии пардохтшуда сарфи чӣ мегардад? Одати шарқиёна ба мизоҷон иҷоза намедиҳад, ки сабаб пурсанд, балки хапу ором берун шуда, сузандору меҷӯянд…

Боре аз худ пурсидаем, ки ҷиҳати ислоҳи масъала ва дифоъ аз ҳуқуқҳои худ чӣ иқдоме кардаем? Чаро маърифати ҳуқуқии худро ғанӣ намегардонем ва ба ҳар талабу дархости аз ҳар гуна чаҳорчӯбаи қонун беруни теъдоде аз манфиатҷӯёни курсинишин лаббайк мегӯему “намехоҳем барои худ проблема эҷод кунем?”

Пас, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро асоси кор қарор дод ё рӯйи курсиҳои мулоим нишастану манфиатҷустанҳоро?

Муҳиддин Идизода,

махсус барои “Тоҷикистон”

Матлаби комил дар нашрияи “Тоҷикистон” мунташир мешавад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *