Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хунуми тиллодуздро дастгир карданд

 Рӯзи 23.10.с.2016, оиди ҳодисаи дуздӣ ба мақомоти милитсия зани 53-солаи сокини шаҳри Конибодом муроҷиат намудааст, ки дар ҳамин рӯз, тахминан соати 09:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди дӯкони савдояш шуда, аз он ҷо ҳамёнро, ки дар дохилаш чавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 30000-сомонӣ ҷойгир буд,  дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, зани 31-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.