Инсоф намондаст. Аз қаллобон эҳтиёт кунед!

Ҳодисаи қаллобӣ яке аз дар шаҳри Душанбе ва дигаре дар шаҳри Ваҳдат сурат гирифт, ки дар аввалӣ зан ва дар дуввуми марди 37 — сола муттаҳам дониста мешаванд.

Кормандони милиса аз ду ҳолати қаллобӣ дар Душанбе ва шаҳри Ваҳдат хабар медиҳанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, қаллобии нахуст дар шаҳри Ваҳдат сурат гирифт. Ба ШВУД дар шаҳри мазкур як марди 33 — сола муроҷиат намуд, ки моҳи майи соли ҷорӣ як зан ӯро фиреб додааст.

Номбурда изҳор дошт, зани 41 — сола, ки сокини деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат мебошад, автомашинаи ӯ, тамғаи «Кемри-3» -ро 110 ҳазор сомонӣ нарх гузошта гирифтааст.

«Аз ин маблағ танҳо 50 ҳазор сомониро ба соҳибаш оварду халос», — таъкид мешавад дар хабари вазорат.

Дар шаҳри Душанбе низ ҳодисаи ба ин монанд рух додааст. Марди 60 — сола ба ШВУД — 1 дар ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат намуд, ки дар доми фиреби як марди 37 — сола, аз ноҳияи Файзобод афтодааст.

Бинобар гуфтаи ин мард , сокини ноҳияи Файзобод моҳи январи соли 2012 аз ӯ 10 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардондааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати марди 37 — сола, тибқи моддаи 247 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *