Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Интихобот: 33% номзадҳо аз ҳисоби занон

Аз 229 номзад ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки дар ҳавзаҳои интихоботии шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудаанд, 75 нафарашро (33%) занон ташкил медиҳанд. Дар ин бора сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Наргис Шарифзода хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти номбурда, шумораи вакилон дар ҳавзаҳои ноҳиявии шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар ноҳияи Сомонӣ 87 нафар (39 зан),  Сино 118 нафар (45 зан), Шоҳмансур 108 (30 зан), Фирдавсӣ 111 (25 зан), дар маҷмӯъ 424 нафар  (139 зан) ба қайд гирифта шудаанд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.