Иван Ургант: Манижаро ҳама тафтиш кунанд …

«Ба Роспотребнадзор, ба Палатаи кадастрӣ, ба Рыбнадзор, ба БДА ва ғайра..фиристода шавад.” гуфтааст бо истеҳзо Ургант.

Ровии маъруфи телевизиони Русия Иван Ургант барномаи нави худро аз санҷиши, ки Кумитаи тафтишотии Русия нисбати суруди Манижа Сангин дар Евровидение — 2021 ташкил карда шудааст, оғоз намудааст. Дар намоиши «Шоми бо Ургант» шоумен ва ровии маъруф Иван Ургант дар вокуниш ба хабарҳои охирин дар атрофи суруди Манижи Сангин (Манижа) барои Eurovision — 2021 Russian Woman гуфт: “»Ин дарвоқеъ, хеле хуб аст. Ҳоло суруди Манижа тафтиш хоҳад шуд ва вай ягона суруди хоҳад буд,ки аз ҷониби Кумитаи тафтишот дар Евровидение санҷида шудааст «, — шӯхӣ кард ровӣ. Ургант пешниҳод кард, ки суруди Russian Woman -ро фавран ба сохторҳои дигари Русия фиристад. «Ба Роспотребнадзор, ба Палатаи кадастрӣ, ба Рыбнадзор, ба БДА ва ғайра…” гуфтаст бо истеҳзо Ургант. Сароянда Манижа бо овоздиҳии шунавандагон пас аз натиҷаи назарпурсии миллӣ намояндаи Русия дар Евровидение — 2021 интихоб шуд.Ин интихоби шунавандагон дар Русия вокунишҳои гунгунро ба бор овард ва беҳтар сиёсатмадорони ин кишвар муқобили чунин интихоб ҳастанд. Вале онҳое,ки санъатро беҳтар мефаҳманд, ҳунармандон,овозхонҳои машҳур ва намояндагони зиёиён бештар ҷонибдори Манижа мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *