Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Камтаҷрибагиаш “Ҳосилот”-ро аз Ҷоми Тоҷикистон маҳрум кард

Вохӯрии финалии дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Ҳосилот”-и Фархор баҳри дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2016 4-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳузури 6000 мухлис (аксарашон аз Фархору Кӯлоб) барпо гардид.
Ҳисоби мусовии 2:2 дар қисми аввали бозӣ ба қайд гирифта шуд. Фатҳулло Фатҳуллоев, капитани “Истиқлол” аз хатогии дарвозабони “Ҳосилот”, ки аз майдончаи худаш хеле пеш баромада буд, истифода бурда, тӯбро аз боли сари ӯ ба дарвозаи холӣ равона кард. Голи ҷавобиро Иброҳим Рабимов бо зарбаи сар ба самар расонд. Баъдан легионер Мӯсо Содиқ ҳам тӯби дувуми “Ҳосилот”-ро бо зарбаи сар ба дарвозаи душанбегиҳо зад. Дар дақиқаҳои охири қисми аввали дидор Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари “Истиқлол”, ҳисобро баробар намуд.
Фархориҳо дар ин бозӣ аз дастаҳои беҳтарини лигаи олӣ буданашро истлб намуда, ба чемпиони нави кишвар рақобати сахт намуда, маҳорати хуб зоҳир карданд. Ин имкон дод, ки ҳисоб дар нимаи дуюми бозӣ низ тағйир наёбад – 2:2. Дар ду тайми иловагии 15-дақиқагӣ низ ҳисоб чунин боқи монд. Пас дастаҳо ба задани силсилаи пеналтиҳо шурӯъ намуданд. Маҳз дар иҷрои муқаррароти мазкур футболбозони “Ҳосилот” камтаҷрибагӣ нишон дода, фақат ду зарбаро ба ҳадаф расонданд, ҳарифонашон бошанд се зарбаро вориди дарвоза карданд. Ҳамин тавр, “Истиқлол” бо ҳисоби умумии 5:4 ғолиб омад.
Дарвозабони “Истиқлол”, легионер Никола Стошич дар ғалабаи дастааш саҳми арзанда гузошт. Вай ду тӯби аз пеналтӣ задаи бозигарони “Ҳосилот” Ҳикматулло Расулов ва Комил Саидовро баргардонд. Инчунин тӯби задаи Ҳасан Рустамов ба тири дарвоза бархӯрд.
Ба ин тартиб, дастаи “Истиқлол” бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид. Дар маросими ҷоизасупорӣ, ки баъди анҷоми бозии ниҳоӣ доир гашт, Ҷоми Тоҷикистон-2016 ба капитани “Истиқлол” Фатҳулло Фатҳуллоев супурда шуд. Аъзои дастаи “Истиқлол” бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Дастаи “Ҳосилот” бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд.
Зимнан, мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 25-ум баргузор шуд. Ҳамагӣ даҳ даста барандагони ин Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – шашборӣ – “Регар-ТадАЗ” ва “Истиқлол” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд.
Эмом Назаров

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.