Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ларингит: Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои табобат

Ларингит бемориест, ки дар натиҷаи газаки ҳанҷара ва илтиҳоби луобпардаи ҳалқ сар зада, шакли  шадид ва музмин дорад.

Ларингити шадид бештар ҳангоми илтиҳоби роҳҳои болоии нафас, грипп, сурхча, махмалак, сурфакабудак ба вуҷуд меояд. Хунук хӯрдани бадан (хусусан тавассути даҳон нафас кашидани ҳавои сард) муддати дароз бо овози баланд гап задан, сахт фарёд кардан, нафас кашидани ҳавои чанголуд ва газҳои ангезишовар, истеъмоли нӯшокии аз ҳад зиёд гарм ё баръакс беҳад хунук, тамокукашӣ, суиистеъмоли машруботи спиртдор ба инкишофи ларингити шадид мусоидат менамоянд.

Нишонаҳои беморӣ 

Ҳангоми ларингити шадид беморон аз хушкидан ва хориши гулӯ шикоят мекунанд. Сурфа дар аввал хушк буда, минбаъд якҷоя бо балғам меояд. Овоз хира, дағал ё тамоман бесадо мегардад. Ҳангоми фурӯ бурдани луқма гулӯ ва сар дар карда, бемор қадре таб менамояд.

Фарқи ларингити музмин аз ларангити шадид

Ларингити музмин чун оқибати ларингити шадид ё газаки бардавоми бинӣ ва узвҳои нафас, аз ҷумла ҳалқ ба вуҷуд меояд. Ҳангоми ларингити музмин беморон аз хиррӣ шудани овоз ва хориши гулӯ, ки боиси сурфа мегардад, азият мекашанд. Дар сурати авҷ гирифтани газак аломатҳои беморӣ возеҳ мегарданд. Ларингити музмин бештар дар санъаткорон ва омӯзгорон чун бемории касбӣ ба мушоҳида мерасад.

Ларингити кӯдакона

Дар кӯдакони то 6 – 8 — сола метавонад шакли махсуси ларингити шадид, яъне, хурӯсаки дурӯғин инкишоф ёбад. Нишонаҳои беморӣ ба хурӯсаки ҳақиқӣ монанд аст. Хатари беморӣ дар он аст, ки танг шудани равзани ҳанҷара боиси якбора вазнин шудани нафаскашӣ мегардад. Ин касалӣ асосан дар кӯдакони гирифтори ширинча ва дигар бемориҳои аллергӣ мушоҳида мешавад. Бештар ҳангоми грипп, назла, сурхча, махмалак ларингити кӯдакон инкишоф меёбад.

Вақти хурӯҷи беморӣ

Хурӯҷи беморӣ одатан шабона дар вақти хоб ногаҳон ба амал меояд. Ба мисли  кӯдак ғарқи обу арақ аз хоб бедор мешавад, бетоқатӣ мекунад, нафаскашӣ душвор ва лабҳо кабуд мешаванд ва бештар месурфад. Баъди 20 – 30 дақиқа бача ором шуда, хобаш мебарад.

Ҳангоми хурӯҷи ин касалӣ ҳарорати бадан муътадил ё андак баланд мешавад. Хурӯҷи беморӣ шаби дигар низ метавонад такрор ёбад. Ба хурӯсаки дурӯғ ин гоҳо ташаннуҷи роҳи овоз илова мешавад, ки барои ҳаёти кӯдак хатарнок аст. Дар сурати пайдо шудани аломатҳои хурӯсаки дурӯғ фавран ёрии тиббии таъҷилиро даъват намудан ё кӯдакро ба беморхонаи наздиктарин бурдан зарур аст.

Давомнокии муддати беморӣ

Дар сурати риоя намудани фармудаҳои духтур мариз баъди 7–10 рӯз шифо меёбад. Табобати ларингити шадид аз бартараф намудани сабабҳое иборат аст, ки боиси пайдоиши беморӣ гардидаанд. Истеъмоли хӯришҳои тундутез, тамокукашӣ, нӯшокиҳои спиртдор манъ аст. Ошомидани шири гарм, ғарғара кардани гулӯ, ингалятсия тавсия дода мешавад. Гарм нигоҳ доштани гулӯ (компресси гармкунанда) муфид аст. Духтур барои табобат дору таъин мекунад.

Кумаки аввалин ҳангоми хурӯҷи ларингит

То омадани духтур ба гардан ва қафаси синаи бемор хардалкоғ аз монанд ё пойҳои кӯдакро ба муддати 5–7 дақиқа ба оби гарм гузоранд, хурӯҷи беморӣ суст мешавад. Ҳавои тоза ва нӯшокии гарм (оби минералӣ, шир) низ муфид аст.

Худтабобаткунӣ манъ аст

 Нафарони гирифтори ларингити музмин бояд ҳатман аз муоинаи духтур гузаранд. Духтур вобаста ба хусусияти газак табобати мувофиқро таъин мекунад. Ингалятсия, истифодаи марҳам, андешидани тадбирҳои гуногуни физиотерапевтӣ, табобати саривақтии ларингити шадид, амрози бинӣ ва узвҳои нафас, ҳалқ, даст кашидан аз тамоку ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор, парҳез ва хаста насохтани овоз дар пешгирию табобати ларингити музмин ниҳоят муҳиманд. Машғул шудан бо варзиш, мунтазам обутоб додани организм роҳи асосии пешгирии ларингит ва дигар бемориҳо мебошад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.