Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Маликаи хушхиром”-и Орзу Исо ва эроди сарвари давлат

Раҳбарияти муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” далели қатъи пахши барномаи “Маликаи хушхиром”-и ровии машҳур Орзу Исоевро эроди Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Карим Азизов, муовини директори телевизиони “Сафина”  13-уми июл дар нишасти матбуотии ин ниҳод  тасдиқ кард, ки воқеан барномаи “Маликаи хушхиром” норозигии сарвари давлатро ба вуҷуд овард. Ба гуфти Азизов, Эмомалӣ Раҳмон аз касбияти доварони ин барнома эрод гирифта, изҳор доштааст, ки онҳо бояд дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанг интихоб мешуданд.

Номбурда гуфт,  норозигии Эмомалӣ Раҳмонро баҳои доварон ба ҳунари як духтари камбизоат аз навоҳии дурдаст ба вуҷуд овардааст, ки барои иштирок ба барномаи “Маликаи хушхиром” омада  мавриди интиқоди доварон қарор гирифтааст. Дар маҷмуъ раисиҷумҳур аз касбияти журналистон интиқод намудааст.

Ҳамчунин Карим Азизов,  далели “қайчӣ” шудани суруди Афзалшоҳ Шодиевро зимни пахши шаби эҷодии шоир Озарахш тариқи ин шабака дар моҳи марти соли равон шарҳ дод.

Азизов гуфт, дар суруди “Пайкара гиря мекунад”-и Афзалшоҳ Шодиев ягон мушкили сиёсӣ набуда он танҳо ба делели этикӣ пешниҳоди мухлисон нашудааст. Ӯ гуфт, ҳангоми хондани суруд Шодиев ба зону зада ва мегирист ва бо сабаби қарор доштан дар арафаи   ид буд, «Сафина» аз пахши он  худдорӣ кард.

 

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.