Муродбек: Савод дорам, либоси мактабӣ не!

  Имрўз, 4-юми август, ба сомонаи Tajikistantimas.tj ҷавонписари 15- солае ворид шуда, хоҳиш намуд, ки дарди дили ӯро рӯйи қоғаз орем:

— Ман Сафозода Муродбек ном дорам ва айни ҳол дар хонаи муаллимаам Зебо Баротова зиндагӣ мекунам. Ҳанӯз дурӯза будам, ки аз дидани рӯйи гарми падару модарам маҳрум гаштам. Дар интернат ба воя расидаам. Азбаски саводи хуб дорам, маро ба яке аз мактабҳои беҳтарини кишварамон қабул карданд, вале мушкил дар он аст, ки ман либоси мактабӣ надорам.

Пойафзолам низ даридааст, се моҳи зимистон бо либосҳои тирамоҳӣ ба дарс мерафтам. Ин ҳолро дида, ҳамсинфонам аз дилсӯзӣ ба ман либосҳои гарм оварда медоданд. Намехостанд, ки ман худро нодор ҳис кунам.

Муродбек мехоҳад, ки аз табақаҳои болоӣ ва доро кӯмак пурсад.

— Ҳар кадоме ақаллан 10 сомонӣ ба ман хайр намояд, маблағи муайяне ҷамъ мешавад ва ман метавонам либосҳои мактабӣ харам,- мегӯяд ӯ.

Муродбек ҳарчанд ҳамагӣ 15 сол дорад, дар дил орзуҳои зиёд мепарварад. Вай ба оянда некбин аст, вале камбизоатӣ ва нодорӣ ӯро намегузорад, ки орзуҳояшро ҷомаи амал пӯшонад. Муродбек дар оянда ба донишгоҳи бонуфузе дохил шуда ба Ватан хизмат карданист.

Нафароне, ки ба ин писарак кӯмак кардан мехоҳанд, лутфан ба шумораҳои 909-775-101 ва 884-888-401 занг зананд. Умедворем, ки дар ин кори хайр саҳми худро мегузоред.

 

Рустам Азимӣ

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

18 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *