Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Наим Мансурзода: 1миллиарду 51 миллион сомонӣ баргардонида шуд!

Зиёда аз 1 миллиарду 51 миллион сомонӣ маблағҳои пулӣ дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз тарафи судҳои иқтисодии мамлакат ба фоидаи даъвогарон ва давлат рӯёнида шудааст.

Наим Мансурзода  раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон субҳи имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти судҳои иқтисодии мамлакат ҳисобот дода зикр кард, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта шумораи парванда ва арзу шикоятҳо ба судҳои иқтисодӣ 290 адад зиёд гардида  дар маҷмӯъ 1263 парванда дар асоси арзу шикоятҳои шаҳрвандон, корхона, ташкилот, муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ, ширкатҳои гуногуни тиҷоратӣ, бонкҳо ва ташкилоти қарздиҳӣ баррасӣ шудаанд.
Сабаби зиёд шудани арзу шикоятҳо ва дар чунин ҳаҷми калон рӯёнида шудани маблағҳои пулиро Н.Мансурзода чунин шарҳ дод: «Боварӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба ҳокимияти судӣ, аз ҷумла ба судҳои иқтисодӣ зиёд шудааст. Зиёда аз ин  дар натиҷаи татбиқи босамари барномаҳои махсуси давлатӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон маърифати ҳуқуқии сокинон боло рафтааст. Акнун шаҳрвандон ҳуқуқҳои худро хуб медонанд ва барои ҳимояи манфиатҳои хеш бевосита ба судҳои кишвар муроҷиат карда мушкилоти бонкиву қарзии худро ҳал менамоянд».
Дар баробари зиёд шудани ҳаҷми маблағҳои рӯёнидашуда пардохти боҷи давлатӣ низ дар давоми шаш моҳи соли равон афзоиш ёфта зиёда аз 90 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил додааст. Ҳар қадаре  парванда зиёд, ҳаҷми маблағҳои ба фоидаи даъвогарон ва давлат рӯёнидашуда бештар бошад, ҳамон қадар ҳаҷми боҷи давлатӣ низ зиёд шудааст.
Н. Мансурзода таъкид бар он намуд, ки бештари парвандаҳои дар судҳои иқтисодӣ баррасишуда даъво ва мушкилоти баргардонидани қарзҳои гирифташударо дарбар гирифта буданд: «Агар парвандаҳо оид ба тағйир додан ва ё бекор кардани шартномаҳо оид ба иҷора, хариду фурӯш, шартномаи контрактаксия ва дигар даъвоҳо аз 7 то 15 ададро ташкил карда бошад, пас парвандаҳо вобаста ба баргардонидани қарзҳо 232 адад, аз ҷумла вобаста ба баррасии шартномаҳои баргардонидани кредит (қарзи пулӣ) 205 ададро ташкил доданд. 287 аризаи даъвогӣ аз тарафи бонкҳо ва муассисаҳои қарздиҳӣ ба судҳои иқтисодӣ ворид шуданд. Дар натиҷаи баррасии 195 парванда барқарор намудани қарз аз ҳисоби амволи ба гарав мондашуда амалӣ шудааст».
Мавсуф ҳамчунин зикр намуд, ки барои баргардонидани қарзҳои гирифташуда мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо низ ба судҳои иқтисодӣ муроҷиат карда, барои баргардонидани маблағҳои пули давлатӣ мусоидат намуданд. Барои мисол аз ҷониби Прокуратураи генералӣ барои ҳимояи манфиати давлат 11 ариза бевосита ба Суди Олии иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ 27 ариза ба судҳои иқтисодӣ пешниҳод шудааст.
Раиси Суди Олии иқтисодӣ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар ним соли равон аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки ба суд бо ариза, аризаи даъвоӣ, шикояти кассатсионӣ ва назоратӣ муроҷиат намуданд, ба фоидаи давлат беш аз 3 миллиону 133 ҳазор сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт ва бо санадҳои судӣ зиёда аз 17 миллион сомонӣ рӯёнида шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.