Найранги нави Толибон…

Толибон ба ҳукумати Афғонистон талаби нав ба миён гузоштанд ва пас аз он онҳо ваъда доданд, ки ҷангро бас мекунанд.

Толибон шарти асосиро ба мақомоти афғон ба миён гузоштанд, хабар медиҳад «Ассошиейтед Пресс».

Бино ба изҳороти намояндаи дафтари сиёсии Толибон дар Доҳа Суҳайл Шоҳин, толибон истеъфои президенти Афғонистон Ашраф Ғаниро талаб доранд.
Ҳамзамон, Толибон қайд мекунанд, ки истеъфои сарвари давлат шарти асосии оташбас хоҳад шуд. Мушаххас карда шудааст, ки ҷангиён аз ҳамла ба марказҳои вилоят худдорӣ мекунанд, онҳо низ қасди забти Кобулро надоранд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан раҳбари хадамоти иктишофии ИМА Вилям Бернс гуфта буд, ки муваффақиятҳои низомии ҷунбиши радикалии Толибон дар Афғонистон боиси нигаронист.

Ҳамзамон, ин тамоюл ҳеҷ гоҳ маънои суқути ногузири мақомоти кишварро надорад, таъкид кард ӯ.

Чанде пеш ҳайати Толибон дар Доҳа пешниҳод карданд, ки 7000 зиндонии ин гурӯҳро раҳо кунанд ва раҳбарони онҳоро аз рӯйхати сиёҳ барои эътимод бардоранд, аммо ин аз ҷониби онҳо тасдиқ нашудааст.

Бинобар ин Толибон найранги дигари худро роҳандозӣ намуданд. Барканории Ашраф Ғаниро.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *