Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ормони миллат ва нақши зиёӣ Мусоҳиба бо Ёқуб Салимов

Мусоҳибаи  Шариф Ҳамдампур бо Ёқуб Салимов

— Пешоҳанги ҳар миллат аҳли зиёст. Боре дар суҳбате онҳоро барометр ном бурда будед, замони қумандон ва вазир будан онҳоро дастгирӣ мекардед. Ин барометр тӯли 13 сол боре ҳам ёд аз шумо кард?

— Аз куҷо донам, ки онҳо ёд карданд ё не. Онҳо бояд гули сари сабад бошанд. Вале афсӯс, ки худашон эҳтиёҷ ба дастгирӣ ва гуфтори нек доранд. Ҳоҷати ба дидорбинии ман омаданашон  набуд. Худованд ҳаргиз ягон зиёиро гирифтори кунҷи зиндон накунад. Эътибори ҳар халқ зиёии он аст. Агар табақи зарро пеши пои зиёии воқеӣ резӣ, кам аст.

Назари шумо нисбати зиёии тоҷик чист?

— Назари ман ҳам манфист ва ҳам мусбат. Манфӣ аз он ки мо тӯли 70 сол лоф задем, ки мардуми бофарҳанг, соҳибтамаддун ҳастем. Аммо миллати худро аз офати ҷанги шаҳрвандӣ натавонистем муҳофизат кунем. Бубинед, дар ягон давлати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанг нашуд. Аммо дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оташ гирифт. Маълум мешавад, ки зиёиёни мо сохтаи даврони Шӯравӣ буданд. Аз ин ҷост, ки ба маҳалҳо, гурӯҳҳо, ҳизбҳо тақсим шуданд. Агар дар асл зиёӣ мебуданд, ҳеҷ вақт мардум ба ин бадбахтиҳо гирифтор намешуд. Ман фикр намекунам, ки тӯли 1000 сол мардуми моро  он занҷири ғуломие, ки доштем,  манқур сохта бошад. Охир ақли солим ҳам буд. Агар аҳли зиёи кишвар бо мардум суҳбат мекард, онҳо ҳеҷ гоҳ ба ин  роҳ намерафтанд. Гурӯҳҳо, ҳизбҳо дар асоси маҳал бунёд гашта буданд. Пойбанди маҳал буданд, аҳдофи миллӣ надоштанд, ба хотири ба сари қудрат овардани касон аз маҳали худ ба гурӯҳҳо, ҳизбҳо тақсим шуданд. Онҳо бояд  зери парчами миллат, ваҳдат сарҷамъ мешуданд, ки он миллатро аз парокандагӣ наҷот ва кишварро аз ҷанг эмин  медошт.

Имрӯз ҳам мардум  аз бетарафии аҳли зиё ҳарф мезананд. Шумо дар чӣ назар ҳастед?

-Мо хоки пойи зиёини кишварем, аммо ҳақиқатро бояд гуфт. Айб аст, вақте мегӯянд, ки баҳманмоҳи хунинро авбошону  гурӯҳҳои дуюму сеюм ва кадом як давлате ташкил кард. Ин ҳамааш дурӯғи маҳз аст. Он вақт Шӯравӣ барҳам хӯрд ва як вақти қулайе фаро расид, ки ҳар кас метавонист сари қудрат биёяд. Афсӯс, мо он вақт дар сатҳи миллат қарор надоштем, миллати мо дар сатҳи маҳал қарор дошт. Мо он солҳо гирди вазирону вакилон ҷамъ омадему ба хотири мансаб созмону гурӯҳу ҳизбҳо ташкил кардем. Ин буд бадбахтии мо. Айб аст, имрӯз 20-25 сол гузаштаву ҷанги шаҳрвандиро кори дасти авбошону бегонагон донем. Ҳоло ҳам ин гурӯҳбозиҳо идома доранд. Масалан, магар 60-70 фоизи рӯзномаҳо дар сатҳи маҳал нест? Шояд, 4-5 расонае  вуҷуд дошта бошад, ки ба таври самимӣ, ба хотири  пешрафти давлат ва аз дарди  миллат матлаб чоп кунанд.  Забони рӯзномаҳо забони маҳал аст, манбаи  80 фоизи матолиби онҳо аз русӣ рӯйбардор шудааст, дар 20 фоизи матлабҳои худӣ манфиатҳои кадом гурӯҳе  ниҳон аст. Инро бояд рӯйрост гуфт. Бояд  ошкоро сухан гуфт, тамаллуқкорӣ теша бар решаи давлат мезанад. То даме ки зери як парчам қарор нагирем, берун аз ҳизбҳо нашавем, мо пеш намеравем. Ҳизб бигзор созанда бошад, на сӯзанда.

-Ҳамин  як парчаме, ки шумо мегӯед, кадом аст?

-Парчами ваҳдат, ки болобардори он бояд аҳли зиё бошад. Магар ба ҷуз аҳли зиё инро каси дигар карда метавонад? Фикр мекунам, не! На сиёсатмадор, на тоҷир, на кишоварз. Ин байрақбардорон танҳо зиёиён ва донишмандоне мебошанд,  ки гули сари сабади миллату давлат ҳастанд. Онҳо аз мардуми дигар бо донишу заковат пешрафтатар ҳастанд.

-Пас, зиёии ҳақиқӣ аз нигоҳи шумо кист?

— Зиёии ҳақиқӣ онест, ки баёнгари дарди миллат аст.

-Аз ҷумлаи аҳли зиё метавонед касеро номбар кунед?

-Зарурият ба номбар кардан нест. Онҳо  худашон инро хуб дарк мекунанд. Хуб медонанд, ки дар кадом сатҳ қарор доранд. Онҳо бо унвонҳое, ки сазовор шуданд, лоиқ ҳастанд? Чӣ корҳоеро анҷом доданд? Мо хоки пойи онҳо ҳастем. Аммо рӯйрост бояд бипурсем, ки онҳо чӣ корҳоеро анҷом доданд? Киштии мо бо ин зиёиёнамон ба куҷо равона аст?

-Шумо зиёиёнеро мешинохтед, ки 13 сол қабл  ҳамсуҳбати онҳо будед. Баъди 13 сол, чанд рӯз аст, ки  аз ҷумла бо ин доира суҳбатҳо доред. Чӣ дигаргуние дар афкори онҳо мебинед?

 

-Зиёие, ки ман дидаму бо ӯ менишастаму суҳбат доштам, Лоиқи бузург буд. Ману Лоиқ дар як рӯз таваллуд шудаем. Ҳар вақте ки вай сухан мегуфт, вуҷудам меларзид. Вақте ки аз миллат ҳарф мезад, чашмонаш пуроб мешуданд. Чунин одамро  дигар надидаам. Ҳол он ки дар ин сатҳ бояд садҳову ҳазорон нафар қарор дошта бошанд. Ҳар як саҳифаи китоби Лоиқро мисли Қуръон бояд дӯст дорем. Ҳар вақт ки шеъри Лоиқро мехонам, як чизи наву ҷолибро дар он пайдо мекунам. Зиёиро ман дар симои ин марди бузург — Лоиқ мебинам. Чандин нафаронро метавон номбар кард, аммо Лоиқ, Осимӣ ҷойгоҳи худро доштанд. Ман ба Тоҳири Абдуҷаббор ҳам эҳтиром доштам. Афсӯс ки ӯро нафаҳмидем, ё ба тарзи худамон фаҳмидем.

Миёни мардум дар бораи шуҷоат ва  паҳлавонии  шумо зиёд ҳарф мезананд. Ҳатто, ривояте ҳаст, ки занҷиреро, ки дастони шумо  банди он буданд,  пора карда будед.  Оё  имрӯз бозувони шумо ҳамон тавонро дорад?

— Ман барои миллатам, то рӯзе, ки ҳастам, занҷири ҷаҳолатро пора хоҳам кард. Ман занҷиреро пора хоҳам кард, ки садди роҳи Ваҳдати миллӣ мешавад. Ман занҷиреро пора хоҳам кард, ки ба рушду ояндаи миллатаму сарзаминам монеа эҷод месозад.

Агар хатаре аз хориҷ ба Тоҷикистон омад, шумо омода ҳастед онро ҳимоя кунед?

-Ман замоне, ки ба миллатам, давлатам хатар таҳдид мекунад, сина сипар мекунам, ҳамчун як фарди ватандӯст  дар сафи пеш хоҳам буд. Саъдии бузург ин байтро шояд нисбати ман гуфта бошад:

Он на ман бошамки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман

Он манам к-андар миёни хоку хун бинӣ саре!

 

Мегӯянд, ки ҳангоми дар маҳбас  будан қариб 3 000 ҳазор китоб хондаед. Онҳо чӣ китобҳо буданд?

-Маҳбас ин маҳбас аст. Ба хотири вақт ба мушкилӣ мегузарад, ба китобхонӣ машғул мешудам. Аслан китобҳои таърихӣ ва шоирону нависандагони бузурги тоҷик ва ҷаҳонӣ буданд. Аз ҷумла, «Таърихи Табарӣ», Наршахӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ…

-Шумо таърихро дӯст медоред?

-Бале.

-Чаро?

-Касе, ки гузаштаашро ёд надорад, ояндаашро тасаввур карда наметавонад. Давлатдорӣ низ аз таърих сарчашма мегирад.

-Баъд аз пош хӯрдани давлати Сомониён тоҷик тӯли 1000 сол бедавлат буд. Бо ҳукми тасодуф ё чизи дигар имрӯз мо соҳиби давлат шудем. Чӣ бояд кард, ки пояҳои ин давлат устувору бегазанд боқӣ монад?

-Аз рӯзи аввал, вақте ба Душанбе омада, ба кор шурӯъ кардем, аввалин сухани ман ба Раиси ҷумҳур ҳамин буд: «Эмомалӣ Шарифович, шумо дар атрофатон  беҳтаринҳоро ҷамъ кунед, дар сатҳи ҷумҳурӣ. Мо ҳоло ҷавон ҳастем, лоиқи мансаби вазиру вакили кабир надорем. Мо ҳоло тайёрем дар сангарҳову сарҳад ба хотири ҳимояи давлатамон қарор гирем. Душманро нагузорем, ки ба ин давлати навсоҳибистиқлоламон халал ворид созад. Ман боварии комил дорам, ки дар ин сурат ба мақсадамон мерасем».  Вақти тӯлонӣ нагузаштааст, давлати мо мисли кӯдаки роҳгардон аст, онро бояд эҳтиёт кард. Агар ҳама дар зери парчами Ваҳдати миллӣ қарор дошта бошем, дар якдигарфаҳмӣ метавонем давлатамонро рушд диҳем.

-Ҳар миллат армони миллӣ дорад ва он пояҳои миллату давлатро устувор месозад. Чӣ чиз армони  миллии мо буда метавонад, ки дар атрофи он мардум тавонанд ҷамъ шаванд ва пеш раванд?

-Ваҳдат. Агар якдигарфаҳмӣ набошад, боз ба ҳамон хархашаву ҷангу ҷидол ва ҳарзагӯӣ машғул шавем, ҳеҷ вақт давлатро устувор нигоҳ дошта наметавонем. Дар айни замон муқаддасоти давлату миллат ин Ваҳдат аст. Агар давлати мо аз байн равад, мо муқаддасот, забони миллиамонро гум мекунем. Пеш аз ҳама, мо бояд манфиатҳои миллатамонро дар ҳама гуна ҳолат аз ҳама боло гузорем ва ҳифз намоем.

 -Шумо ҳангоми сухан кардан аз Юлиё Сезар, Наполеон иқтибосҳо меоред. Чаро маҳз аз онҳо?

— Онҳо давлат сохтанд, соҳиби давлат буданд. Таҷрибаю гуфтаҳои онҳо ибратомӯз аст.

-Дар зиндагӣ,  аз китобҳои хондаатон   қаҳрамоне ҳаст, ки ба ӯ тақлид карда бошед ё мехоҳед мисли ӯ бошед?

-Ман аслан намехоҳам мисли касе бошам.

— Замони ҷанги шаҳрвандӣ шумо нотиқи оташсухан будед. Сухан гуфтанро дӯст медоред?

-Бештар гӯш карданро дӯст медорам.

– Байте ҳаст, ки ҳамеша вирди забонатон аст?

  Ҳосили умрам  се сухан беш нест,

  Хом будам, пухта шудам, сӯхтам.

Ҳангоми ба озодӣ баромадан, нахуст кӣ  ба истиқболатон баромад?

— Дӯстам Ҳоҷӣ Тилло. Ӯ ҳамсабақам аст. Ман кӯлобӣ, ӯ аз Тавилдара. Ду дӯсте, ки аз ноҳияҳои гуногунем. 13 соле, ки дар маҳбас будам, ҳамеша ба дидорбиниам меомад. Ин дӯсти мо  забонию нонӣ набуд. Дӯсти  ҷонӣ будему ҳастем. Ин дӯстам  барои ман шуда, ҳатто хонаҳояшро фурӯхт. Мегуфтам, ки ин корро накун, фарзандҳоят чӣ кор мекунанд.  Аммо мегуфт, ки ту кори худатро кун, як нишастан бо ту, як суҳбат бо ту барои ман ғанимат аст.

Аслан, ёру рафиқони ман доро набуданд. Ҳар ҷое, ки сар мехалондам, аввал ба хонаи камбағал буд. Ба хонаи доро ҳаргиз нарафтам  ва нахоҳам рафт.

-Тӯли ин 13 сол дӯстоне доштед, ки аз онҳо озурда шуда бошед?

-Не. Тавре ки Наполеон гуфтааст, дар ҳама бадбахтиҳо танҳо худи одам гунаҳгор аст.

-Агар дубора тавлид меёфтед, кӣ мешудед?

-Боз худам. Худованд ҳар як инсонро барои  худаш будан офаридааст.

-13 сол на бисёр аст, на кам. Аммо гирифтори як ҳуҷраи танг,  аз дӯстону ҳамватанон, пайвандон  дур будан  ба сари шумо чӣ фикрҳо меомад? Сари чӣ чизҳо андеша мекардед?

— Кам фикр мекардаму зиёд меомӯхтам. Китоб мехондам. Касе, ки китоб намехонад, ба ӯ бовар накунед, ӯ таҳлил карда наметавонад, аз рӯи гуфтаи дигарон амал мекунад. Мехостам бо дӯстонам зиёд ҳамсуҳбат бошам, боз ин ҳам даст намедод. Дар ин муддат дӯстону пайвандонамро пазмон шуда будам.

-Оё сари он андеша мекардед, ки баъди ба озодӣ баромадан ба кадом корҳо машғул мешавед?

-Бале, ба тарбияи фарзандону наберагон.

-Чанд фарзанд ва набера доред?

-Панҷ фарзанд ва ду набера дорам.

-Шумо ҳанӯз 58солаед. Минбаъд ба кадом кор машғул шуданӣ ҳастед?

-Аз пайи рӯзгор.

 -Агар ба коре пешниҳод кунанд, розӣ мешавед?

-На. Ман барои ҳимояи Ватанам омода ҳастам, аммо дигар аз паи мансаб намеравам. Бигзор ҷавононро ба кори давлатдорӣ ҷалб кунанд.  Онҳо таҳсилкардаҳои донишкадаҳои давлатҳои пешрафтаи Аврупову Амрикою Канада ҳастанд, мафкураи тоза доранд. Дигар айб аст, ки мӯйсафедон дар сари курсии мансаб нишинанд.

— Нияти навиштани хотироти худро доред?

-Шояд, инро дар оянда мебинам. Ҳоло масъалаи аввал ҷароҳии чашмам аст. Духтурон тавсия доданд, ки ин корро ҳарчи тезтар ба анҷом расонам.

Мехоҳам ба воситаи рӯзномаи «Тоҷикистон» чанд ҳарфе ба мардум гӯям. Маҳалгароӣ фоҷиаи миллат аст. Онҳое, ки даст ба маҳалгароӣ мезананд, миллати моро пора, давлати моро сарнагун месозанд. Бояд миллатдӯст бошем, на маҳалдӯст.

Ватанро дӯст доред, кинаю адоватро аз дилҳо дур созед. Ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистонро муқаддас донед.

Ба онҳое рӯй меорам, ки корашон дасисаю фитнаю сиёҳ кардани дигарон аст. Гӯё бо ин роҳ эътибори  худро боло мебардошта бошанд. Ба хотири ширин кардани худ дигаронро сиёҳ накунед.

Ба онҳое рӯй меорам, ки атрофи ман дасисабозиро ба роҳ андохтаанд. Як бор ин корро кардед. Дигарбора накунед. Ман Ватанамро дӯст медорам, монед дар фазои сулҳу осоиш машғули тарбияи фарзандон ва наберагон шавам.

Ба рӯзноманигорон рӯй меорам. Тамаллуқкор набошед, гапи ҳақро гӯед. Гапи ҳақ ҳам писанди шоҳ асту ҳам писанди гадо.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.