Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Ҳосилот” соҳиби роҳхат ба Ҷоми AFC-2017 шуд

Дастаи “Ҳосилот”-и Фархор, ки дар бозии мавқуфгузоштаи даври 13-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар майдони худ бар тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд, соҳиби медалҳои нуқра ва роҳхат ба Ҷоми AFC-2017 гардид.

Бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 13-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 2-юми ноябр баргузор шуданд. Бозии марказии ин давр миёни дастаҳои “Ҳосилот” ва “Регар-ТадАЗ” дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор бо ҳузури 6000 тамошобин барпо гардид. Мизбонон ба дарвозаи меҳмонон чаҳор голи беҷавоб заданд.

Ҳисобро Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 8-уми бозӣ аз ҷаримаи 11-метрӣ боз кард. Се голи дигарро легионер СодиқМӯсо ва бародарон Наврӯзу Ҳасан Рустамовҳо дар нимаи дувуми дидор ба самар расонданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.