Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Пирӯзии Хуршед Назаров дар муҳорибаи омехтаи GFC

    Хуршед Назаров, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи муҳорибаҳои омехта Gorilla Fighting Championship-23 бар Абилай Толеш аз Қазоқистон пирӯз шуд.

 Ин мусобиқа бо ширкати 30 варзишгар аз Бразилия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Украина 25-уми декабр дар толори «Алмато Арена» доир гардид. Дар ин бора сомонаи Sports.kz хабар додааст.

 Дар рақобати Хуршед Назаров муқобили Абилай Толеш доварон бо раъйи бештар варзишгари тоҷикро ғолиб донистанд.

Дар рақобати асосии ин мусобиқа Даурен Ермекови қазоқ, ки бо тасмими якдилонаи доварон Артур Гусейнови русиягиро шикаст дод, соҳиби камарбанди қаҳрамони «муваққатии» GFC гардид.

Варзишгари машҳур Ҳабиб Нурмагомедови русиягӣ, қаҳрамони UFC дар вазни сабук, меҳмони вижаи мусобиқаи GFC 23 буд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.