Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Президент дар Нуробод бинои нави шӯъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД-ро ифтитоҳ кард

 Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилиро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Нуробод аз ду ошёна иборат буда, дорои шароити мусоид барои фаъолияти хизматӣ мебошад. Корҳои лоиҳакашӣ дар шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ соли 2008 оғоз гардида, бо маблағи 1 миллиону 850 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Иншооти нави хизматӣ аз 22 ҳуҷраи корӣ, қисми навбатдорӣ, хобгоҳ барои ҳайати шахсӣ, синфхонаи бо компютер муҷаҳҳаз барои омӯзиши таҷриба ва баланд бардоштани малакаи касбӣ, нуқтаи алоқа, маҷлисгоҳ, ошхона ва таваққуфгоҳ барои нақлиёти махсуси оташнишонӣ иборат мебошад.

Ҳангоми шиносоӣ бо шароити хизматӣ дар бинои нав Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати шахсӣ барои ҳамавақт дар ҳолати омодабош қарор доштан ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба мардум дастуру супоришҳо доданд. Дар шуъба 30 нафар фаъолият доранд.

Дар ин рӯз ба кормандони шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон автомошинаи нави замонавии оташхомушкунӣ тақдим карда шуд.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон воситаҳои асосии оташхомушкунӣ, таҷҳизот барои кашидани дуд аз дохили бино ва таҳхона, асбобҳо барои гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми садама, либоси махсус барои хомӯш намудани сӯхторҳои ҳарораташон баланд ва дигар намуди таҷҳизоти муосирро, ки ба маъраз гузошта шуда буд, тамошо карданд.

Кормандони шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Нуробод барои таъмини шароити муосири фаъолият ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.