Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Раҳмихудо дар Паралимпиадаи Рио-2016 14-ум шуд

Тавре иттилоъ дода будем, Тоҷикистонро дар Бозиҳои ХV тобистонаи паралимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия Ширкати варзишгари маълул Раҳмихудо Додихудоев дар мусобиқот аз рӯи давидан ба масофаҳои 100 вам 400 метр намояндагӣ кард. Раҳмихудо дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардон дар байни 14 нафар ширкаткунандагони пойга бо натиҷаи 12,89 сония дар ҷойи охирин қарор гирифт.
Рӯзи 16 сентябр бошад, Раҳмихудо Додихудоев дар мусобиқаи интихобӣ дар давидан ба масофаи 400 метр миёни мардон дар байни 17 варзишгари маълул бо натиҷаи 56,34 сония дар ҷойи 14-ум қарор гирифт ва аз ҳаққи иштирок дар даври ниҳоӣ маҳрум гашт.
Дар мусобиқаи интихобӣ давандаи Ямайка Шейн Ҳудсон бо нишондоди 49,53 сония мақоми аввалро касб кард. Эрнесто Бланко аз Куба (49,68 сония) дувум ва Гунтер Матзингер аз Австрия (49,9 сония) севум шуданд.
Зимнан, Раҳмихудо Додихудоев танҳо варзишгарест, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои XV тобистонаи паралимпӣ дар Рио-де-Жанейро муаррифӣ кард. Ба ҷуз Раҳмихудо Додихудоев, ба ҳайати варзишии Тоҷикистон Сафар Боев, раиси Кумитаи паралимпии кишвар ва Абдурауф Олимов, дабири кулли ин кумита, инчунин, як тарҷумон дохил буданд.
Р. Додихудоеви 26-сола дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Дар айёми кӯдакӣ вай ба бемории остеомиелит гирифтор шуд ва пизишкон натавонистанд, ки устухони дасти чапи ӯро муолиҷа намоянд. Раҳмихудо Додихудоев бо мошине, ки ба ӯ бародараш тақдим кардааст, таксиронӣ карда, рӯзгорашро пеш мебарад. Аз ин рӯ, имкони ба варзиш пайваста машғул шуданро надорад.
Раҳмихудо соли 2014-ум дар Бозиҳои осиёӣ дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар давидан ба масофаи 400 метр миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд мақоми шашумро касб кард. Ӯ соли 2015-ум дар шаҳри Сочии Русия дар мусобиқоти байналмилалӣ миёни варзишгарони маълул масофаи 400 метрро чорумин шуда, тай намуд ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои паралимпии Рио-де-Жанейро мушарраф шуд. Раҳмихудо дар Паралимпиадаи Рио нишондодҳои инфиродиашро беҳтар кард.
Эмоми Назариён

-->

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Душанбеги 24.09.2016 09:29

    Эроди забоншис: «нишон дод» не, балки «нишондиханда» бояд навишт.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.