Рашк безинро ба дасташ доду 7 сол зиндонияш кард…

Як ҷавони шайдои ҳусну ҷамоли маъшуқа аз ғояти рашк ба сару рӯйи дилдодааш бензин рехта ӯро оташ задааст.

Зодаи Тоҷикистон Билол Бадаловро Додгоҳи ноҳияи Кузминкии шаҳри Маскав, моҳи июн бо ҷурми сӯиқасд ба куштор ба 7 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард.

Тавре аз маводи парванда бармеояд, Бадалов мисли Отелло, ки маҳбубааш Дездемонаро аз сари рашку ҳасудӣ, рафтор карда, дар ниҳоят маҳбубаи 30-солаашро ба ҷазои сахт ҳукм карда, ӯро оташ задааст.

Додгоҳ мегӯяд, Билол Бадалов моҳи майи соли 2020 ба сару рӯи ҷавонзан бензин рехта, ӯро оташ задааст ва сипас аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Вале қасди куштор нотамом монд, чунки зан тавонистааст оташро фурӯ нишонад ва ҷонашро аз марг наҷот диҳад. Ӯро бо сӯхтани 42% масоҳати бадан, ҷароҳатҳои дараҷаи I-II-III дар ҳолати шок бистарӣ карда, Билол Бадаловро бо иттиҳоми сӯиқасд ба куштор боздошт карданд.

Билол Бадалов дар рафти тафтишот ва мурофиа иттиҳоми ба зиддаш эълоншударо қисман ба гардан гирифта, дар тавҷеҳи худ гуфтааст, ки ҷавонзан ба вай хиёнат карда, чорае ба ҷуз аз интиқом барояш боқӣ нагузошт.

Магар ин рафтори Билол арзиши онро дошт, ки ба чунин амали нораво даст занад? Наход роҳи дигаре мавҷуд набуд? Чаро мо сари қаҳру ғазаб даст ба чунин амалҳо зада, оқибаташро фикр намекунем? Гоҳо номус мегӯему ғурури ҷавонмардӣ, аммо он ғуруру ҷавонмардиро 7 сол зиндон мешиканаду ҷавонмардиро ба балоҳо дармеомезад…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *