Тасвирҳои гӯё. Ё ҳикмати хомӯшии Умар Хомӯш

Рассоми ҷавони афғон Умар Хомӯш, ки аз таҳдиди Толибон* ба Тоҷикистон паноҳ бурдааст, дар шаҳри Ваҳдат мактаби рассомӣ боз карда, ба хоҳишмандон дарси наққошӣ меомӯзад.  Асарҳои ҷадиди ин рассом ва шогирдонаш, ки ба қарибӣ дар шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта мешавад, инъикосгари вазъи ваҳими кишвараш, махсусан рӯзгори занон аст…

Ваҳдат – Афғонистони кӯчак

Ҳафтаи равон дар шаҳри Ваҳдат будам. Ваҳдат Афғонистони кӯчакро мемонад. Ресторанҳо, қаҳвахонаҳо, мағозаҳову, ширинифурӯшиҳои афғонӣ ба паноҳандагони афғон ва сокинони шаҳри Ваҳдат хизмат мекунад.

“Қаблан низ дар ин шаҳр паноҳандагон буданд, вале як соли охир бо ворид шудани нерӯҳои Толибон* ба хоки Афғонистон теъдоди паноҳандагон зиёд шуд. Бештари паноҳандагони ин ҷо тоҷиконанд.

-Мо, ки як миллат ҳастем, бо як забон ҳарф мезанем, дину мазҳабамон як аст, мушкиле бо афғонҳо надорем — мегӯяд, ронандаи мо, ки худ сокини шаҳри Ваҳдат аст ва идома медиҳад, — Рости гап, ака, баъди омадани афғонҳо дар Ваҳдат ободии зиёд шуд. Бозору мағозаҳо нағз кор мекунанд, шаҳри мо мисли Душанбе серодам шуд. Афғонҳо ободгар будаанд, баробари мо кор мекунанд. Лекин дар чашми ҳамаашон ғаму дардро мебинам, беватанӣ қин, 7 сол дар муҳоҷират будам, дарди ғарибиро медонам”…

Ҳамин тавр, суҳбаткунон ба галереяи Умар Хомӯш расидем.

Ҳикмати хомӯшии Умар

Рассоми 30-солаи афғон Умар Хомӯш ошёнаи аввали яке аз биноҳои нотамомро иҷора гирифтаву устохона ва мактаби рассомӣ боз кардааст.

Вақте вориди галереяи Умар Хомӯш шудам, бо шогирдонаш машғули кор буд. Дар деворҳо асарҳои нави рассом ва шогирдонаш ба маърази тамошо гузошта шудааст. Дар яке зани афғон талаби озодӣ мекунад, дар дигаре зери чодар асту гитор менавозад, дар расми дигар аз тиреза ба мактаби сӯхта менигарад, дар асаре интизори сулҳ аст….

Умар на танҳо насаби Хомӯш дорад, балки худ низ камҳарф аст. Ба суоли тӯлонӣ бо як калима ё ҷумла посух мегӯяд. Ба ҷойи Умар асарҳояш ҳарф мезананд.

“Ман дар сабкҳои мухталиф кор мекунам. Ҳам наққошӣ ва ҳайкалтарошии суннатӣ ва ҳам муосир. Дар асарҳоям мехоҳам бештар сабкҳоро ба ҳам омезам” – мегӯяд, Умар Хомӯш.

Сарнавишти як рассом

Умар Хомӯш аввали соли 2021 ба Тоҷикистон паноҳанда шуд. Замоне, ки аз ҷониби Толибон* ба ҷонаш таҳдид сурат гирифт.

“Як шабе пушти хонаи мо омаданд. Ман дар дафтар будам, чун то новақт дар дафтар кор мекардам. Дар хона дастдарозӣ карданд, падарам, ки истод шуда буд, бо туфанг ӯро заданд. Ба хотири куштани ман омада буданд, маро наёфтанд, падарамро куштанд.” – ба ёд меорад, ӯ.

Қатли падар ва таҳдид ба ҷони рассом сабаб шуд, ки Умар Хомӯш зодгоҳаш Кобулро тарк карда, ба Тоҷикистон гурезад.

“Чун бекор нишаста наметавонам бо кумаки дӯстон ин галереяро таъсис додем. Ин ҷо ҳам кор мекунам, ҳам меомӯзонам.”-мегӯяд ӯ.

Феълан дар мактаби рассомии Умар Хомӯш наздики 50 нафар наврасони афғонистонӣ ва тоҷикистонӣ ҳирфаи рассомӣ меомӯзанд, ки миёнашон духтарон низ ҳастанд. Умар мегӯяд, маблағе, ки онҳо медиҳанд, зиёд нест, танҳо барои пардохти пули иҷора ва андозу барқи устохона басанда асту халос.

Намоиш дар Душанбе

Феълан Умар Хомӯш барои баргузор кардани намоиши асарҳои худ ва шогирдонаш дар шаҳри Душанбе омодагӣ мебинад.

“Намоиш қарор аст, ҳамин моҳ дар Душанбе баргузор шавад. Феълан ба он омодагӣ мегирем. Дар намоиш асарҳои ман ва шогирдонам ба маърази тамошо гузошта мешавад” – мегӯяд Умар Хомӯш.

Умар мехоҳад, ба воситаи намоиши аксҳо бо рассомони тоҷик робита барқарор кунад.

“Феълан як ҳайкале омода мекунам, ки рамзи дӯстиву рафоқати инсонҳост. Муҳимтарин асари намоиш он ҳайкал хоҳад буд” – мегӯяд, ӯ.

Намоиши асарҳои рассом Умар Хомӯш ва шогирдонаш эътирози ҳунармандони афғон ба муқобили Толибон* хоҳад буд, ки ҳеҷ гуна санъатро намепазиранд.

Ин рассом мегӯяд, феълан нияти аз Тоҷикистон ба кишвари сеюм рафтанро надорад ва мекӯшад ба кори эҷодии худ дар Тоҷикистон идома диҳад.

Одил Нозир

*Толибон – ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва бисёре аз кишварҳо

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *