Садамае, ки 10 мошинро дар гирдоби марг печонид

Теъдоди қурбониёни садамаи маргбор дар шоҳроҳи ХуҷандДушанбе ба ду нафар расид

Дар шоҳроҳи  Хуҷанд-Душанбе садамаи маргбори 10 мошин рух дод, ки яке аз садамаҳои калонтарин дар ин шоҳроҳ мебошад.

Дар ин саддама, ки  теъдоди зиёди мошинҳо ба ҳам бархӯрдаанд одамони зиёдеро дар гирди ҳодиса ҷамъ омадаанд.

Садама бегоҳи рӯзи 14 сентябр дар 65 километри шоҳроҳи Душанбе-Варзоб дар мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб ба қайд гирифта шуд.

Аз КҲФ ба хабар доданд, ки мошини боркаши тамғаи Дулан Хова, ки онро як сокини вилояти Хатлон идора мекард, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе аз ӯҳдаи идораи мошин набаромад, ки дар натиҷа бархӯрд бо 10 мошин ба амал омад.

Манбаъ афзуд, ки бар асари бархӯрд як автомашинаи Тойота ба чуқурии 200-метра сарозер шуд, ки дар натиҷа як мусофири 50 — сола, сокини вилояти Суғд дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт ва панҷ мусофири дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба бемористони ноҳияи Варзоб интиқол ёфтанд.

Бар хабари дарёфтӣ, як мусофири дигар рӯзи 15 сентябр дар бемористон ба ҳалокат расид.

КҲФ қайд намуд, ки феълан роҳи Душанбе-Хуҷанд барои ҳаракати нақлиёт боз аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *