Шӯрои уламо: Ватан хуб аст ,аммо…

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қабули шаҳрвандии Русияро дар сурати ҳифзи арзишҳои миллию динӣ ҷоиз донистааст. 

Асрор, як корбари сомонаи Шӯрои уламо назари ин ниҳодро дар мавриди талоши тоҷикон барои гирифтани шаҳрвандии Русия суол кардааст.

Шӯрои уламо дар посух изҳор доштааст, ки “Ватан меҳри модарро дорад, аз ҳамин сабаб, кори хеле мушкил аст, ки инсон аз модараш ҷудо шавад. Яке аз нишонаҳои комил будани инсон дӯст доштани ватан аст. Албатта гирифтани шаҳрвандӣ дар тамоми кишварҳо роиҷ аст, вале муҳиму асос ин аст, ки инсон урфу одати миллӣ ва динии худро ҳифз намояд, аз ватан ҳамеша ёд кунад ва дар ҳар ҷое, ки бошад, ватан ва эътиқодоти динӣ ва миллии худро ҳимоя кунад, хусусан фарзандонашро дар рӯҳияи анъанаҳои миллӣ ва дини мубини Ислому мазҳаби ҳанафӣ тарбият кунад, чунки ин дини инсонсоз кафили саодати инсон дар ду ҷаҳон аст”.

Ин дар ҳолест, ки аз Тоҷикистон ҳудуди як миллион муҳоҷир дар Русия фаъолият доранд ва бисёрашон барои осонии кору ҳузурашон дар ин кишвар талош доранд, шаҳрванди Русия шаванд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *