Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз Украина ба ватан оварда шуданд

Ширкати «SkyUp Airlines»-и Украина  бо мақсади баргардонидани шаҳрвандони ин кишвар ба Тоҷикистон парвози махсус анҷом дод. Ин ширкат дар ҳамкори бо мақомоти Тоҷикистон 30 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар он кишвар дармонда буданд ба ватан овард. Дар ин бора Asia-Plus дар такя ба дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, бо парвози мазкур инчунин беш аз 100 шаҳрванди Украина ва Қазоқистон аз Тоҷикистон бароварда шуданд.

Ба иттилои Вазорати тандурустии кишвар, ҳамаи шаҳрвандони омада дар лагери “Барқчиён” ба карантин гирифта шуданд.

Ҳукумат ҳамчунин тасмим гирифт, ки соати 15-и рӯзи 29 май шаҳрвандонро аз Дубай баргардонад. Тавре сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар медиҳад, аз Аморот ду хатсайр иҷро мешавад. Пеш аз парвоз ҳамаи шаҳрвандон дар фурудгоҳ аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.

Дар ин робита сафорат аз шаҳрвандон дархост кардааст, ки 4 соат пеш аз парвоз ба Фурудгоҳи байнулмилалии Дубай ҳозир шаванд.

“Ҳавопаймои “Сомон Эйр” соати 15:00-и рӯзи 29 май бо хастсайри махсуси Дубай — Душанбе парвоз мекунад. Шаҳрвандон 4 соат пеш бояд дар фурудгоҳ бошанд, чунки аз онҳо ташхиси хун гирифта мешавад. Парвози дигари махсуси Дубай — Душанбе соати 11:00-и рӯзи 31 май аз ҷониби ширкати «Fly Dubai» анҷом мепазирад”, — қайд мекунад сафорат.

Гуфта мешавад, шаҳрвандони хоҳишманди ба Тоҷикистон баргаштан билетҳоро дар сомонаҳои расмӣ ё дар намояндагиҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Душанбе ва Дубай харида метавонанд.

-->

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Muhamadrasul 22.05.2020 20:04

    Саломалек хами нархи билета арзон мекадан. Мо ина ду мох да карантин бдем ай кичо миевем 650еврара

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.