Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шавҳарам саги занҷирбанди тоторзан шуд

 

Ба хонаамон хостгор омаду падарам аз ҳеҷ кас маслиҳат напурсида розигӣ дод. Азбаски Ҷамшедро аз хурдияш мешинохтам, ин рафтори падар боиси малоли хотирам нагашт. Дар дил ҳатто ифтихор  мекардам, ки аз байни ҳамин қадар духтарҳои зебо ин ҷавони хушқаду қомати ба қавли мардум «чор кас медидагӣ» маҳз маро интихоб намудааст. «Духтари хушбахт будаӣ дугонаҷон, Ҷамшеди расияна пулаш бисёр аст, як умр бойхотун барин бароҳат зиндагӣ мекунӣ» мегуфтанд духтарҳои маҳалла ба ман ҳасад бурданашонро пинҳон надошта. Рӯзи тӯй худамро мисли маликаи ҳақиқӣ орову торо дода, аз дасти Ҷамшед дошта, бо табассум ба ҳама таъзим мекардам,  то душманон хушбахтии моро дида аз ҳасад сӯхта-сӯхта  муранд. Маҳфили арӯсиамон чунон пуршукуҳ гузашт, ки қариб то як сол дар даҳони ҳама шиносу ношинос гапи тӯйи мо буд. Ману Ҷамшед баъди тӯй мисли  Лайливу Маҷнун ҳатто як лаҳза тоқати аз ҳамдигар дур буданро надоштем, вале падараш «бачам, кори хуб ёфтан дар ин замона душвор аст, боз нони тайёрро аз даст надиҳӣ» гӯён, қариб маҷбуран шавҳарамро ба Русия фиристод. Рӯзи рафтани Ҷамшед барои мани наварӯс рӯзи мотам буд. Аз пасаш гириста зориву тавалло намудам, ки зудтар баргардад, вале…

Аз байн ҳашт моҳ гузашт. Аз чӣ бошад, ки вақтҳои охир шавҳари меҳрубонам маро хеле кам ба ёд меовард. Дер-дер занг мезад, худам ба ӯ занг занам, баҳона мекард, ки кораш зиёд асту барои бо телефон чақ-чақ карда нишастан ҷарима мекунанд. …

Як шом зани акои шавҳарам, яъне авсунам хонаро хилват ёфта гуфт: «арӯс, медонӣ чӣ, корхонаеро, ки Ҷамшед дар он ҷо кор мекард, як занаки тотор харидааст. Мегӯянд, ки шавҳарат барои ҷойи гарму нони равғанинро аз даст надодан ҳамон беваро ба занӣ гирифтааст. Тоторзани гӯрсӯхта шавҳаратро бо ҷодугарӣ чунон ғулом карда гирифтааст, ки мӯр гӯяд, мемурдааст. Ту ҳамин хел даҳоняла гаштан гирӣ, оқибат бе шӯ мемонӣ…» Бо шунидани ин хабари шум маро гӯё барқ зад, ҳеҷ боварам намеомад, ки мани наварӯсро монда, Ҷамшед домони ким-кадом кампири тоторро доштааст. Тоқат накарда дарди диламро ба хушдоманам гуфтам. Кампир мисли мурғи посӯхта зуд ба писараш занг зада, ҳақиқати ҳолро пурсид. Додаршӯям Умедҷон иқрор шуд, ки Ҷамшед дар ҳақиқат зани тотор гирифтааст ва шабу рӯз ҳамроҳи ҳамон зан аст. «Акаамро дигар шинохта намешавад, чунон мутеи ҳамон беваи тотор шудааст, ки мисли саги занҷирбанд ҳамеша аз паси ӯ мегардад»,-  гуфтани Умедҷонро баръало шунида дилам ба дард омад. Хушдоманам ҳеварамро маломат кард, ки чаро додарашро насиҳат намекунад. «Гумон мекунед, ки ман лаб зери дандон гирифта гаштаам? Чанд бор гуфтам, ки ҳой додар, фикри зиндагиатро  кун, охир ту дар он ҷо зани ҷавон дорӣ, арӯсакро партофта пулкоркунӣ омадаӣ, вале даст афшонда рафт. Вақтҳои охир бошад, Ҷамшед бо мо ҳатто салом намекунад»,- ҷавоб дод Умедҷон. Суханони додаршӯямро шунида хаёл кардам, ки равғани ҷӯше ба рӯйи дилам рехт. Дилу ҷигарам ба сӯзиш даромада беихтиёр аз чашмонам селоби ашк ҷорӣ шуд.

Аз рӯзе, ки ин хабари шумро шунидаам, на шаб хоб дораму на рӯз сабру қарор, корам мудом гиристан аст. Панду насиҳати хушдоманам, ки ҳар замон «духтарам, тоқат кун, Ҷамшед хатояшро фаҳмида ба наздат бармегардад» мегӯяд, ба гӯшам намедарояд. Дар байни дуроҳаи тақдир зору ҳайрон монда, чӣ кор карданамро намедонам.  Авсунам мегӯяд, ки дигар дар ин хона мондани ту маънӣ надорад, беҳуда ба сафсатаҳои ин кампир гӯш карда, умратро хазон накун, вай барои он туро дар ин ҷо нигоҳ доштан мехоҳад, ки як умр хар барин хизматашро карда гардӣ. Гул барин зебоӣ, чизу чораатро ғундору ба хонаатон рав, боварӣ дорам, ки як моҳ нагузашта талабгор  меёбӣ. Барқасди ҳамин Ҷамшеди кампирбоз ба ягон йигити пулдор ба шавҳар баро, то ки хушбахт шуданатро фаҳмида аз рашк сӯхта мурад.

Девонаи тайёр шудаам, намедонам сарамро ба кадом девор занам. Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Мафтуна.

 

 

 

 

-->

Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад
  1. МАН 13.07.2016 18:04

    Сабр кун, аз гурра халво мешавад…..

  2. миша 14.07.2016 01:14

    агар маслихата гири ягон нагзи дигаша гир умра хазон макун бехуда.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.