Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Сомон Эйр” тоҷикистониёнро аз Чин меорад

Имрӯз ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” бо намояндагони соҳаи тиб ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳри Ухани Чин парвоз намуд то ки шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ватан орад. Хабар медиҳад Вазорати корҳои хоҷирӣ.

Бино ба маълумоти Сафорати кишвари мо дар Пекин, то 9 феврали 2020 дар шаҳри Ухан 54 нафар шаҳрванди мо қарор дошта, ҳамаи онҳо ба Тоҷикистон баргардонида мешаванд.

Ҳавопайои мазкур инчунин ҳомили бори башардӯстона иборат аз лавозимоти тиббӣ аст, ки дар Ухан аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби Чин супорида хоҳад шуд.

Инчунин ВКХ таъкид мекунад, ки ҳама он ҳамватанони мо, ки дар Чин қарор доранд, метавонанд ба Сафорати Тоҷикистон дар Пекин аз тариқи почтаи электронӣ: [email protected] ё рақамҳои зерини телефони ҳамроҳ муроҷиат кунанд: +8618511786686 (Суҳроб Қодиров), +8618514270747 (Амриддин Носиров) ва +8613522787975 (Фаромуз Пирмухамедов).

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.