Cарнавишти донишҷӯёни тоҷик, ки дар хориҷа мехонанд, чӣ мешавад?

Дар пайи пандемияи коранавирус донишҷӯёни тоҷике, ки дар макотиби олии давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, наметавонанд ба таълимгоҳҳои худ раванд. Ҳоло ин мавзӯъ дар сархати хабарҳои ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ қарор дорад.

Илҳом Камолзода, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигори Pressa.tj гуфт, ки ҳоло ҳудуди 1500 нафар донишҷӯён, ки муҳассили макотиби олии кишварҳои хориҷӣ ҳастанд, дар ҷумҳурӣ қарор доранд. “Теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар макотиби олии Русия таҳсил мекунанд, ки ин 1438 нафарро ташкил медиҳад. Боқимондаи донишҷӯён дар дигар кишварҳо таҳсил мекунанд.
Дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мо беш аз 80 нафар донишҷӯёнро, ки дар давлатҳои Беларусия ва Украина таҳсил мекунанд, тавассути парвозҳои махсуси ширкати “Сомон Эйр” ба ин ду кишвар сафарбар намудем”,-гуфт Илҳом Камолзода.

Гуфтан ба маврид аст, қисми зиёди донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа дар риштаҳои табиӣ-риёзӣ ва техникиву технологӣ таҳсил мекунанд.

Дар ҳамин маврид Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар мулоқот бо донишҷуён тоҷике, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанду ба далели ҳамагирии коронавирус ва баста будани марзҳо ба ин кишвар рафта наметавонанд, ваъда дод, ки то кушода шудани роҳ онҳо метавонад дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил намоянд.

Тафсилоти бештар дар шумораи навбатии ҳафаномаи «Тоҷикистон» манзури хонандагон мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *