Тақвими рӯз: Аз Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ то Ҷашни модар ва зебоӣ
7 апрели соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат доир ба вазъи таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ машварати корӣ доир намуданд.
7 апрели соли 2016 дар шаҳри Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон, ки дар самти саноати сабук фаъолият мекунанд, доир гардид.
7 апрел Ҷашни модар ва зебоӣ дар Арманистон аст.
7 апрели соли 1948 оинномаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба ҳукми иҷро даромад.
7 апрели соли 1967 Рӯзҳои фарҳангии Россия дар Тоҷикистон оғоз гардиданд.
7 апрели соли 1978 ноҳияи Қабодиён (ҳозира Қубодиён) таъсис ёфтааст.
7 апрели соли 2008 дар назди бинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон нимпайкараи шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гузошта шуд.
7 апрели соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази дастгирӣ ва рушди ассотсиатсияҳои Тоҷикистон, ки 20 ассотсиатсияи фаъоли ҷумҳуриро муттаҳид сохт, таъсис ёфт.
Шарҳ