Тағоймурод Розиқов: Вазъи театри тоҷик хароб аст!

Тағоймурод Розиқов, яке аз актёрони номвари тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, актёри Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов, профессори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода 75 сола шуд. Номбурда, бо нақшҳои мондагори раиси ланг, Ленин, Айнӣ, Туғрал ва даҳҳои дигар миёни тамошобинон маҳбубият дорад.

Найнавозе, ки актёр шуд

Тағоймурод Розиқов соли 1961-ум омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо бо ихтисоси найнавоз тамом карда, ҳамон сол барои идомаи таҳсил ҳуҷҷатҳояшро ба Консерваторияи шаҳри Тошканд месупорад. Аммо дар Консерваторияи ҳамсоякишвар нафаре аз гурӯҳи онҳоро қабул намекунанд. Ӯ аз ин дилсард мешаваду найро канор мегузорад. Он гаҳ барои таҳсил ба Донишкадаи театрии ба номи Луначарскии шаҳри Маскав меравад. Ин гардиш дар андешаи он рӯзи Тағоймурод барои имрӯзи Театри тоҷик пур аз аҳамият буд. Зеро санъати театрии тоҷик бурд кард, соҳиби боз як ҳунарманди воқеан касбӣ шуд.

Тағоймурод Розиқов — Википедия

Тағоймурод Розиқов аз соли 1971-ум ба Театри ҷавонон омада, то имрӯз дар ин боргоҳи ҳунар фаъолият дорад. Дар театр зиёда аз сад нақш офаридаву дар филмҳои зиёде бозигарӣ кардааст. Ҳамчунин, аз соли 1983-юм то имрӯз дар Донишкадаи санъати ба номи устод Турсунзода ба донишҷӯён дарс мегӯяд. 

Ифтихори санъати кишвар

Соли равон Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов 50 сола мешавад. Поягузорони ин театр хатмкунандагони ГИТИС – Институти давлатии санъати театрии шаҳри Москва ба номи Луначарский дар соли 1971 мебошанд, ки яке аз онҳо Тағоймурод Розиқов аст. Ин тими ҳунарӣ барои рушди санъати тоҷик хизматҳои зиёде карданд.

Тағоймурод Розиқов мегӯяд:

“Ман гумон мекунам, ки ҳамкурсони мо шарафи санъати тоҷикро дар ҳамин муддати 50 сол хеле боло бардоштанд, чӣ аз ҷиҳати драмматургия ва чӣ аз ҷиҳати ҳунар, синамо ё коргардонӣ. Дар санъат соҳае нест, ки ба он даст назада бошем ва он ҳам бо муваффақият. Устодони мо мегуфтанд, ки агар аз байни шумо дуто ҳунарманд барояд, мо метавонем ором хоб кунем. Лекин, шукри Худо, инро бинед, ки аксари онҳое, ки якҷоя тамом кардем, унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро доранд. Ба студияе, ки баъди хатми театр ташкил кардем, 50 сол пур мешавад. Мо гумон дорем, ки умри ин театр дароз хоҳад буд. Чунки ин театрро бо нияту орзуҳои нек кушода будем. Театр мисли ҷавонии мо ҳамеша ҷавон мемонад. Спектаклҳои нав ба наваш, ҳунарпешаҳои нав ба наваш ҳамеша онро ҷавон нигоҳ медоранд”.

Наставник BG Тагоймурод Розиков Дар бораи филм - YouTube

Аз Раиси ланг то Ленин

Тағоймурод Розиқов дар театру кино ва телевизион зиёда аз 150 нақши хурду бузург офаридааст. Дар бораи нақши аввалини хеш мегӯяд:

“Нақши аввалинам дар донишкада буд. Нақши Воробёв буд дар намоишномаи «Пирии пурзаҳмат»-и Рахманов ва дар саҳнаи театр дар намоишномаи “Хазони таги пой”-и Фотима Ғуломова. Он кас танҳо як намоишнома навишта буданд ва онро коргардон Ҳабибулло Абдураззоқов, шавҳарашон ба саҳна гузоштанд. Ин нақши хуби Бахтиёр буд, ки табъи дилам гашт”.

Тағоймурод Розиқов актёри заҳматкаш аст. Нақшҳое, ки дар саҳнаи театр офаридааст мухталифанд. Дар як намоишнома «раис» асту дар дигаре коргари оддӣ. Дар намоишномае Пешвои инқилоби Октябр Ленинро меофараду дар дигаре қурбони ин инқилоб Туғрали Аҳрориро.

Худ дар мавриди нақшҳояш мегӯяд:

“Вазифаи актер аз ҳамин иборат аст, ки тавонад нақшҳои мухталиферо иҷро кунад. Мутаассифона, ҳоло актерҳое ҳастанд, ки қариб сад нақш офаридаанд, вале ҳамаи нақшҳоро якхел иҷро кардаанд. Ман чунин корро намеписандам. Хушбахтона, дар ин умри кӯтоҳам нақшҳои гуногун ва ҷолибро иҷро кардам. Нахустин нақше, ки офаридаам нақши Лоҳутӣ буд, баъд нақши Ленин ва сипас Улянов буд. Баъдтар аз рӯйи осори шоири покистонӣ Файз Аҳмади Файз дар намоишномае нақш офаридам, баъд нақши Нақибхон Туғрал, сипас нақши Айниро низ иҷро кардам. Дар намоишномаҳои Островский низ нақшҳо иҷро кардаам. Яъне, ин нақшҳо мухталиф буданд.”

Муҳокимаи мақолаҳои мубрами Тоҷикистон ва Русия имрӯз - Halva.tj

Тамошобинон нақши раиси лангро дар филми “Дарди ишқ” муваффақияти Тағоймурод Розиқов арзёбӣ мекунанд, вале худи ҳунарманд назари дигар дорад: “Ман дар “Чоҳ” ва “Парвози занбӯр”-и Ҷамшед Усмонов ва ахиран дар “Гиреҳ дар гулӯ” ҳам нақшҳои хуб офаридаам. Ман гумон мекунам, образе, ки дар “Чоҳ” офаридам, беҳтарин образ аст. Ман ба ин андеша, ки беҳтарин образи офаридаи ман нақши Раис дар филми “Дарди ишқ” бошад, розӣ шуда наметавонам”.

Нигаронӣ аз ояндаи театр

Тағоймурод Розиқов дар баробари актёри ҳирфаӣ будан нафарест, ки соҳиби андешаи интиқодӣ ва хос аст ва фикрашро бепарда баён мекунад. Барои мисол дар яке аз суҳбатҳои ҷадидаш вақте аз вазъи театр мепурсанд чунин посухи ошкоро медиҳад:

“Ҳоли театри тоҷик хароб аст, бисёр хароб аст. Чунки қаблан мақомот барои фаъолияти театрҳо каме маблағ ҷудо мекарданд, ҳоло бошад, ин маблағҳо бамаротиб коҳиш ёфтааст. Гузашта аз ин, телевизиону интернет ва синамову моҳвораҳо вазъи молии театрҳоро хеле танг кардаанд. Ҳоло театр бояд намоишномаеро  рӯйи саҳна дошта бошад, ки тавонад тамошобинро аз хонаи гармаш ба толори сарди театр биоварад”.

Феълан Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Тағоймурод Розиқов дар театр фаъолият мекунад, дар донишгоҳ дарс мегӯяд ва дар дил орзуҳо мепарварад. “Орзуҳои зиёде дорам. Аммо, ҳоло он коргардоне, ки фикри маро тавонад дарк кунаду тавонем якҷо нақши мондагореро офарем, нест” – мегӯяд, ҳунарманд.

Кош чунин режиссёр пайдо шавад ва мо аз нақшњои нав ба нави ҳунарманди дустдоштаамон Тағоймурод Розиқов лаззат барем.

Одил Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *