Тоҷикистон: 882 нафар аз ҳолати карантинӣ ҷавоб шуданд

То 24 феврали соли равон 1148 нафар шаҳрвандоне, ки аз 1 феврал аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон ворид гардидаанд, дар беморхонаҳои сироятии мамлакат ба ҳолати карантинӣ фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора то ба санаи 24 феврал 882 нафари онҳо аз беморхонаҳои сироятӣ мураххас гардида, ҳамзамон, айни ҳол 266 нафар дар ҳолати карантинӣ қарор доранд. Хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Гуфта мешавад, ки то кунун дар миёни шаҳрвандони бистаришуда сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аммо, новобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  ҶумҳурииТоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалӣ корҳои назоратиро пурзӯр намуда истодааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *