Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тоҷикистон Имрон Хон, нахуствазири Покистонро чигуна пешвоз мегирад?

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки бори аввал роҳбарони Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) дар Душанбе мулоқот мекунанд. Ин дидор рӯзи 17-уми сентябр баргузор шуда, мавзӯи асосии он вазъияти Афғонистон аст. Дар ин нишаст қарор аст роҳбарони 12 кишвари минтақа ширкат кунанд. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки мулоқоти нахустини сарони СҲШ ва СПАД зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баргузор мешавад.

Бар асоси эълони Вазорати корҳои хориҷӣ, қарор аст рӯзи 16-уми сентябр роҳбарони Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Душанбе бо ҳам мулоқот кунанд. Барои ширкат дар ин дидор, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, Александр Лукашенко, президенти Беларус, Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон ва котиби генералии СПАД Станислав Зас ба Душанбе меоянд. Расонаҳо менависанд, ки вазъи Афғонистон аз мавзуъҳои асосии суҳбати роҳбарони СПАД хоҳад буд.

Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ё СПАД, созмони зери назари Русия мебошад. Баъди ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон, нигаронӣ аз он сӯи марз барои кишварҳои узви СПАД бахусус Тоҷикистон бештар шудааст.

Нишасти дуввуми минтақавӣ, ки ин ҳафта дар Душанбе баргузор мешавад, вохӯрии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай аст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин нишаст бар иловаи роҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Беларус, ҳамчунин роҳбарони Ҳиндустон, Покистон, Чин, Эрон, Муғулистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат мекунанд. Аз инҳо роҳбарони Чин, Ҳиндустон ва Муғулистон ба тарзи онлайнӣ дар мулоқот ширкат хоҳанд кард. Ҳануз маълум нест, ки дар ин нишаст аз Афғонистон касе иштирок хоҳад кард ё не.

Бар асоси эълони расмии мақомоти тоҷик, Имрон Хон, нахуствазири Покистон барои ширкат дар дидори роҳбарони СҲШ ба Душанбе меояд. Сафари ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки даҳҳо тан аз корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ мухолифи сафари Имрон Хон ба Душанбе шуданд. Онҳо мегӯянд, Покистон ба нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер ҳамлаи ҳавоӣ кардааст ва баъди чунин кор омадани Имрон Хон ба Душанбе дуруст нест. Ҳарчанд мақомоти Покистон ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини ин кишвар ба мавзеи неруҳои Ҷабҳаи муқовиматро рад кардааст.

Ҳамчунин бори аввал Иброҳим Раисӣ ба ҳайси раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард. Дар хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон омадааст, интизор меравад дар поёни ҷаласаи роҳбарони Созмони ҳамкории Шанхай, раванди қабули Ҷумҳурии исломии Эрон ба узвияти ин созмон оғоз шавад. Эрон солҳо боз дар СҲШ ба ҳайси кишвари нозир аст ва талош дорад ба узвияти ин созмони минтақавӣ, ки ду кишвари муҳими минтақа Русия ва Чинро дарбар мегирад, ворид шавад. Дар гузашта мақомоти Теҳрон гуфтанд, ки раванди қабули Эрон ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай бинобар мухолифати бархе кишварҳо, ба таъхир афтод.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.